Дар оғози суҳбат Олжас Бектенов ба Сарвари давлати мо салому паёмҳои самимона ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаевро расонид.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон дар доираи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки тамосҳо дар ҳамаи сатҳҳо босуръат рушд доранд. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар афзоиш ёфта, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод дар асоси «харитаи роҳ»-и нави ба наздикӣ қабулшуда идома дорад.
Аҳамияти омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва нахустин Шӯрои роҳбарони минтақаҳо, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Ақтау баргузор мешаванд, таъкид гардид.