Роҳбари давлати мо Ҷорҷа Мелониро самимона ба муносибати он ки ӯ ҳамчун роҳбари Ҳукумати Италия, ки аз ҳама бештар дар ин мақом фаъолият кардааст, ба таърих ворид шуд, табрик намуд.

Президенти Ӯзбекистон таъкид кард, ки ин дастовард шаҳодати равшани эътимоди баланди мардуми Италия ба иродаи сиёсӣ, қатъият ва эҳсоси баланди масъулияти давлатии ӯ мебошад.

Ба талошҳои Ҷорҷа Мелонӣ дар роҳи ҳимояи пайгиронаи манфиатҳои миллии Италия, таҳкими минбаъдаи нуфуз ва мақоми кишвар дар Иттиҳоди Аврупо ва арсаи байналмилалӣ дар шароити кунунии мураккаб ва босуръат тағйирёбанда таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Президенти кишвари мо ба роҳбари Ҳукумати Италия барои муносибати дӯстона нисбат ба Ӯзбекистон ва таваҷҷуҳи доимӣ ба густариши пайвастаи ҳамкории ҳамаҷониба миёни ду кишвар изҳори сипоси амиқ намуд.

Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон ба муносибатҳои шарикии стратегии бо Италия барқароршуда  баҳои баланд медиҳад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муколамаи сиёсӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин робитаҳои фарҳангиву башардӯстона пайваста густариш ёфта, бо мазмуни нав ғанӣ мегарданд ва ба сатҳи сифатан нав мебароянд.

Дар фарҷом роҳбари давлати мо ба Ҷорҷа Мелонӣ дар фаъолияти масъули давлатӣ саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва комёбиҳои бузург ва ба мардуми дӯсти Италия сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.