Дар фурудгоҳи байналмилалии “Ҳазрат Султон” меҳмони олиқадрро Мушовири давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Карин, ҳокими вилояти Туркистон Нуралхон Кушеров ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Имрӯз роҳбари давлати мо дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ иштирок мекунад.
Ҳамчунин боздиди роҳбарони ҳайатҳои иштироккунандаи ҳамоиш аз ёдгориҳои таърихӣ ва иншооти фарҳангии шаҳри Туркистон низ дар назар аст.