Шумо бо пирӯзиҳои дурахшон ба Ватан баргашта, парчами кишварамонро баланд бардоштед!
Дар рафти ин мусобиқаҳои бонуфуз, ки дар онҳо ҳудуди 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари Осиё иштирок карданд, шумо маҳорати баланд, далерӣ ва матонати ҳақиқиро нишон дода, дар таърихи варзиши мамлакат саҳифаи дигари пурифтихорро боз намудед.
Дастаи мунтахаби миллии мо бо ба даст овардани 21 медали тилло, 25 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ баъд аз Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон мақоми панҷумро ишғол намуд. Ин аз иқтидори Ӯзбекистони Нав дар соҳаи варзиш ва аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони ҷасуру мақсадноки мо ба чӣ дастовардҳои бузург қодиранд. Албатта, ин натиҷаҳо дар дили тамоми мардуми сермиллати мо ҳисси ифтихори бузургро бедор мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон дар ин бозиҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Аз оғози Бозиҳои XX Осиё медалҳои тиллои нахустин ва таърихии Ӯзбекистон дар мусобиқаҳои каратэ байни мардонро Абдулваҳоб Рашидов ба даст овард. Дар қаиқронии яккаса бо каноэ Шоҳсанам Шерзодова пирӯз шуд ва дар гимнастикаи варзишӣ Уткирбек Ҷӯраев ғолиб гардид. Ин дастовардҳо дигар аъзои дастаи мунтахаби моро низ ба расидан ба қуллаҳои баландтар рӯҳбаланд карданд.
Варзишгари варзиши сабук Сӯҳроб Хоҷаев бо иродаи қавӣ ва неруи хастанопазир аввалин варзишгари ӯзбек гардид, ки дар гурзпартоӣ медали тиллои Бозиҳои Осиёро ба даст овард. Барнохон Сайфуллаева бошад, бо натиҷаи 1 метру 90 сантиметр дар ҷаҳиши баланд на танҳо соҳиби медали тилло шуд, балки рекорди шахсии худро низ нав кард.
Ҳамаи моро шод мегардонад, ки ҷавонони мо дар варзиши бузург бо итминон ҷойгоҳи худро пайдо мекунанд. Варзишгари варзиши сабук Шарифа Давронова ва муштзан Абдумалик Ҳаллаков сазовори унвони қаҳрамони дукарата гардиданд. Таҳмина Икромова бошад, бо исботи бартарии худ дар гимнастикаи бадеии қитъа ба унвони қаҳрамони секаратаи Бозиҳои Осиё мушарраф шуд.
Ҷуфти иборат аз Шаҳзода Нурматова ва Собир Сафаролиев, ки чанде пеш дар Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронии академӣ медали тилло ба даст оварда буд, мавқеи пешсафии худро дар мусобиқаҳои шадиди Бозиҳои Осиё низ нигоҳ дошт.
Яке аз саҳифаҳои дурахшони ин мусобиқаҳо нав шудани рекордҳои Осиё ва ҷаҳон аз ҷониби варзишгарони далери мо буд, ки номи худро бо ҳарфҳои заррин дар таърихи варзиш сабт карданд. Аз ҷумла, вазнабардори машҳури мо Акбар Ҷӯраев бо натиҷаи 197 килограмм рекордҳои ҷаҳон ва Осиёро нав кард. Қаҳрамони мо дар рақобатҳои ниҳоят шадид рекорди Бозиҳои Осиёро низ гузошт, ки ин ба як рӯйдоди фаромӯшнашаванда барои миллионҳо мухлисони варзиш табдил ёфт.
Владимир Свечников дар мусобиқаҳои тирпарронӣ бори аввал барои Ӯзбекистон медали тиллои Бозиҳои Осиёро ба даст оварда, ҳамзамон рекорди Бозиҳои Осиёро низ муқаррар намуд. Ин воқеан дастоварди таърихист, ки мо ба он ҳақ дорем ифтихор кунем.
Дзюдочии боистеъдод Музаффарбек Тӯрабоев матонати хосса нишон дода, ҳамчун аввалин қаҳрамони Бозиҳои Осиё, ки дар ду вазни гуногун пирӯз шудааст, ба таърих ворид гардид. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ рақиби кореягӣ, ҷоизадори Олимпиадаи Париж-2024 Ким Мун Ҷонгро ва дар рақобати ниҳоӣ рақиби ҷопонӣ, намояндаи ватани дзюдо Ота Хёгаро мағлуб намуд.
Ба даст овардани 2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ аз ҷониби дзюдочиёни узбек дар рақобати шадид миёни намояндагони 32 кишвар ва ишғоли мақоми дуюм дар ҳисоби даставӣ баъд аз Ҷопон яке аз натиҷаҳои назаррас ва дурахшони мо дар ин навъи варзиш гардид.
Паҳлавонони мо дар гӯштини миллии узбекӣ — кураш, ки таърихи сеҳазорсола дорад, низ эътимоди мардумро сазоворона сафед карданд. Дар ин навъи варзиш аз 6 медали тилло 4-тоашро Ахрор Зиёдуллоев, Шоҳруххон Бахтиёров, Ибодатхон Оғоҷонова ва Покизахон Камолдинова ба хазинаи ҳайати мо ворид карданд ва мо ба онҳо офарин мегӯем.
Зинда бод варзишгарони далери мо, ки таърихи пирӯзиҳо ва мактаби маҳорати худро меофаранд!
Дӯстони азиз!
Дар тӯли қариб як моҳ мо бо тамоми вуҷуди худ эҳсос кардем, ки ҳар як дастовард ва ҳар як лаҳзаи ҳаяҷонбахши Бозиҳои Осиё ба як ҷашни хос табдил ёфта, боиси шодиву хурсандии ҳамагон гардид.
Албатта, натиҷаҳои баланди ин мусобиқаҳо, ки як навъ Бозиҳои олимпии қитъаи бузурги Осиё ба ҳисоб мераванд, ба таври тасодуфӣ ба даст наомадаанд. Дар заминаи онҳо ислоҳоти густурда оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон қарор доранд.
Бо истифода аз фурсат, аз номи мардуми кишвар ва шахсан аз номи худам ба ҳамаи варзишгароне, ки ба мо пирӯзиҳои фаромӯшнашаванда эҳдо карданд, ба падару модарони онҳо, ба устодону мураббиёни фидокор, ки бо маслиҳату роҳнамоии арзишманди худ дар ба даст овардани чунин муваффақиятҳои бузург саҳми сазовор гузоштанд, инчунин ба мухлисони сершуморе, ки ҳамеша варзишгарони моро дастгирӣ мекунанд, сипоси самимӣ баён менамоям.
Шумо бо пирӯзӣ дар Бозиҳои Осиё ба тамоми ҷаҳон нишон додед, ки ҳаракати олимпӣ дар Ӯзбекистони Нав ба сатҳи нав баромада, дар кишвар насли нави тиллоии олимпичиён ташаккул ёфтааст.
Бовар дорам, ки натиҷаҳои баланди дар сарзамини Ҷопон бадастомада ва таҷрибаи андӯхташуда барои иштироки шоиста дар Бозиҳои олимпие, ки соли 2028 дар Лос-Анҷелес баргузор мешаванд, заминаи устувор хоҳанд гузошт.
Дӯстони азиз, шумо ҳатман пас аз омодагии бомуваффақият ба ин бозиҳои бонуфузтарини ҷаҳон хоҳед рафт! Ва дар оянда низ дар роҳи шумо пирӯзиҳои зиёди дурахшон хоҳанд буд!
Бигзор дар эҷоди солномаи пурифтихори варзиши Ӯзбекистони Нав ҳамеша барору комёбӣ ҳамсафари шумо бошад!
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон