Узви тими мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс Абдумалик Ҳалоков дар вазни то 60 килограмм бори дуюм қаҳрамони Бозиҳои Осиё гардид.

Дар рақобати ниҳоӣ бо муштзани Кореяи Ҷанубӣ Кан Донгхван ҳамватани мо бартарии худро нишон дода, медали тилло ба даст овард.

Намояндаи дигари тими мунтахаби Ӯзбекистон Музаффарбек Турабоев низ дар риштаи дзюдо бори дуюм қаҳрамони Бозиҳои Осиё шуд.

Ӯ дар рақобати ниҳоии вазни беш аз 100 килограмм бар варзишгари кишвари мизбони мусобиқа пирӯз шуда, аз зинаи баландтарини минбари ифтихорӣ ҷой гирифт.