Меҳмонони олимақомро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов ва ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Ирматов истиқбол гирифтанд.

Ҳадафҳои асосии сафар рушди инфрасохтори футбол дар кишвар, тарғиби футбол миёни ҷавонон ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва ФИФА мебошанд.

Дар доираи сафар, 30 сентябр дар мактабҳои таҳсилоти умумии №90-и ноҳияи Чилонзор ва №327-и ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд майдонҳои муосири футбол, ки дар доираи лоиҳаи «FIFA Arena» сохта шудаанд, ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин, ҳайати ФИФА бо корҳои дар шаҳраки олимпии пойтахт, ҳудуди «Варзишгоҳи марказии футболи Янги Тошкент» ва Маркази миллии футбол анҷом додашуда шинос мешавад.

Дар барномаи сафар ҳамчунин масъалаҳои муҳими марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилаи Ӯзбекистон ва ФИФА баррасӣ хоҳанд шуд.