Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

«ROX Group» яке аз гурӯҳҳои пешсафи бисёрсоҳаи сармоягузории Ветнам буда, соли 1996 таъсис ёфтааст. Ширкат лоиҳаҳои бузургро дар соҳаҳои амволи ғайриманқул, энергетика, фаъолияти бонкӣ, меҳмондорӣ ва хизматрасонӣ амалӣ мекунад.

Ҳамчун самтҳои афзалиятнок дар Ӯзбекистон рушди инфрасохтори муосири шаҳрӣ ва саноатӣ, энергетикаи таҷдидшаванда, геология, бахши молиявӣ ва сайёҳӣ муайян гардиданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ва нави ширкат дар асоси «харитаи роҳ» суръат бахшида шавад.