Зимни чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки аз ҷониби Раёсати
мубориза бо ҷиноятҳои соҳаи технологияҳои иттилоотии Сарраёсати корҳои дохилии
вилояти Тошканд гузаронида шуд, дар ошёнаи чоруми бинои бисёрошёнаи ноҳияи
Шайхонтоҳур як маркази ғайриқонунии тамос — «кибербункер» ошкор гардид.
Тавре дар рафти санҷиши пешакӣ муайян гардид, сокини
вилояти Фарғона Д.Х., соли таваллудаш 2005, ки қаблан суд нашудааст, бо ҳамроҳонаш
ба шаҳрвандон занг зада, маълумоти бардурӯғ медоданд, ки гӯё онҳо дар «аксияи
ширкат»-и барномаи тиҷоратии Uzum
Market ғолиб омадаанд.
Қаллобон аз шаҳрвандон талаб мекарданд, ки барои
гирифтани туҳфа маблағ гузаронанд, инчунин маблағҳои аз лимити қарз ё қарзи
хурди ба онҳо ҷудошударо ба суратҳисобҳои соҳибкорони инфиродии «ALVION», «MEGA TECNO» ва «MEGA SHOP» интиқол диҳанд. Дар иваз
онҳо ваъда медоданд, ки техникаи маишии гӯё дар доираи «аксияи ширкат»
бурдшударо ба соҳибонаш мерасонанд.
Ғайр аз ин, аъзои гурӯҳ дар платформаи тиҷоратӣ ҳамчун интиқолдиҳандаи
мол ба қайд гирифта шуда буданд. Ба баъзе харидороне, ки расонидани фармоишро
талаб мекарданд ё аз хидматрасонӣ норозӣ буданд, қасдан молҳои хеле арзон,
пастсифат ё тамоман ба фармоиш мувофиқ набуда фиристода мешуданд.
Ҳамин тавр, диққати ҷабрдидагон аз масъалаи асосӣ дур
карда шуда, қаллобон имконият пайдо мекарданд, ки маблағҳои аз ҳисоби лимити қарз
ё қарзи хурд ҷудошударо аз худ намоянд. Пас аз интиқоли маблағ дар аксари ҳолатҳо
иртибот бо ҷабрдидагон пурра қатъ мегардид.
Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки дар «кибербункер»-и
ташкилшуда дар ноҳияи Шайхонтоҳур, ки тавассути соҳибкорони инфиродии «ALVION», «MEGA TECNO» ва «MEGA SHOP» фаъолият мекард, панҷ оператор кор мекардаанд. Онҳо
аз номи мағозаҳои қалбакии интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба садҳо шаҳрванд
занг мезадаанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, бо ин роҳ аз зиёда аз 110 шаҳрванд беш аз 300 миллион сӯм
ғайриқонунӣ гирифта шудааст.
Зимни чорабинии оперативӣ ба сифати далелҳои шайъӣ 10 маҷмӯи компютер, 8 телефони мобилӣ, 150 варақ бо
маълумоти шахсии шаҳрвандон, ҷадвалҳои дорои маълумот дар бораи лимитҳои
тавассути барномаи «Uzum Nasiya» ҷудошуда, инчунин ду дафтарча
мусодира карда шуд.
Айни ҳол бо мақсади муайян кардани эҳтимоли даст доштани
аъзои гурӯҳ ба ҳолатҳои дигари қаллобӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, инчунин
муайян ва ҷуброн намудани ҳаҷми зарари моддии ба шаҳрвандон расонидашуда,
чорабиниҳои тафтишотии пешакӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.