Ҳокимияти шаҳри Тошканд ва ширкати «2GIS» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Мувофиқи созиш, дар сомонаи 2gis.uz маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар тамоми 585 маҳаллаи пойтахт ҷойгир карда мешавад.

Истифодабарандагон метавонанд ҷойҳои кории наздик ба манзили худро пайдо намуда, бо ҳаҷми маоши пешниҳодшаванда ва талаботи тахассусӣ шинос шаванд ва аз байни пешниҳодҳо ҷойи кори мувофиқро интихоб кунанд.

Интизор меравад, ки лоиҳа раванди ҷустуҷӯи корро осон карда, ба сарфаи вақт ва кам шудани хароҷоти нақлиёт мусоидат намояд.

Дар марҳилаи аввал лоиҳа дар тамоми маҳаллаҳои ноҳияи Чилонзор ба роҳ монда шудааст. Дар сомонаи 2gis.uz аллакай маълумот дар бораи ҷойҳои кории холии мавҷуда ҷойгир гардидааст.

Ҳокимияти шаҳри Тошканд ҳамчунин омодагии худро барои татбиқи чунин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои дигар изҳор кардааст.