Имрӯз аз табрики самимона ва таманнои орзуҳои накӯи худ ба Шумо, ҷавонони парламентарӣ ба муносибати баргузории ин чорабинии бонуфуз, ки бо сухани худ, овози далеронаи хеш вориди майдони сиёсат мешавед, бениҳоят хурсандам.
Ба шаҳри куҳан ва ҳамешаҷавони Самарқанд – пуле, ки тӯли ҳазорсолаҳо тамаддун, халқ ва ғояҳоро ба ҳам мепайвандад, хуш омадед!

Бори аввал дар мамлакати мо баргузор гардидани ин анҷумани сатҳи баландро арзёбии бузурги ҷомеаи байналмилалӣ ба ислоҳоти бебозгашти демократие медонем, ки дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мешаванд.
Бовар дорам, ки мулоқоти имрӯза, монанди Ассамблеяи 150-уми ҷашнии Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки соли гузашта дар Тошканд баргузор гардид, ба ҳамоише табдил меёбад, ки дар он андешаҳои ҷолиб, ғояҳои нав ва ташаббусҳои муҳим пешбарӣ мешаванд.

Меҳмонони азиз!

Анҷумани байналмилалии Самарқанд дар шароити мураккабе баргузор мешавад, ки ихтилофоти глобалии ҷаҳон амиқтар гардида, нооромӣ ва нуқтаҳои даргирии мусаллаҳона меафзоянд.

Пӯшида нест, ки тағйирёбии иқлим, нобаробарии иқтисодӣ, ноустувории иҷтимоӣ ва буҳрони маънавӣ садди роҳи рушди тамоми башарият мегарданд.
Аз ин рӯ, ба рӯзномаи конфронс ворид намудани мавзӯи «Дар даврҳои ноором барои ҳама барқарор намудани ҳуқуқҳои инсон, адолат ва шаъну шараф» аҳамияти хосса дорад.

Мутаассифона, дар саросари сайёра беш аз 500 миллион кӯдак ва ҷавон дар минтақаҳои даргири низоъҳои мусаллаҳона зиндагӣ мекунанд, аз ҳар панҷ ҷавон як нафар ва аз ҳар се духтар ду нафар аз имкони таҳсил маҳрум мебошанд.

Дар чунин шароити душвор ҳамчун қишри фаъолтарин ва ташаббускор ба саҳна баромадани ҷавонони ҷаҳон шоистаи таҳсин аст.

Дӯстони азиз!

Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ғамхорӣ ба насли ҷавон ва пурра намоён кардани дониш ва иқтидори онҳо чун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян шудааст.

Қариб 56 фоизи 39 миллион аҳолии кишварро ҷавонон ташкил мекунанд ва ин муносибати дарозмуддат ва роҳҳалҳои ҳамаҷонибаро ба зарурати ҳаётӣ табдил медиҳад.

Солҳои охир, дар натиҷаи ислоҳоте, ки ба рушди сармояи инсонӣ нигаронида шудаанд, барои рушди ҳамаҷониба ва дар муҳити рақобати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносибро ишғол намудани ҷавонон имкониятҳои бузург фароҳам гардиданд.

Бояд махсус таъкид кард, ки дар кишвари мо низоми комилан нави кор бо ҷавонон ва дастгирии онҳо – низоми ҳадафманд ва амудӣ роҳандозӣ шудааст.

Шумораи писарону духтарони мо, ки дар муассисаҳои пешрафтаи таълими олӣ – шомили садгонаи беҳтарини ҷаҳон таҳсил мегиранд, аз 3,5 ҳазор нафар афзуд, ҳиссаи олимони ҷавони дорои дараҷаи илмӣ ду баробар зиёд гардид, ки ин ҳама моро мамнун менамояд.

Ба 35 фоиз расидани ҳиссаи ҷавонон дар сафи соҳибкорон низ аз ба неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ табдил ёфтани онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Парламентҳои ҷавонони назди Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис барои намояндагони ояндаи халқ ба мактаби таҷриба табдил ёфтаанд.

Дар интихоботи соли 2024 ба ҳайси аъзои мақомоти намояндагӣ интихоб шудани қариб 200 ҷавон низ натиҷаи навгониҳо дар ҳаёти сиёсии мо мебошад.

Чунин дастовардҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ низ муносиб эътироф мешаванд. Аз ҷумла, Ӯзбекистон аз рӯйи татбиқи босуръати Стратегияи «Ҷавонон – 2030»-и Созмони Милали Муттаҳид дар қатори 10 давлати пешсафи ҷаҳонҷой гирифт.

Инчунин, дар Индекси ҷаҳонии рушди ҷавонон ҳамчун кишваре эътироф шуд, ки босуръат рушд мекунад.

Муҳтарам, хонумҳо ва ҷанобон!

Мо дар доираи Иттиҳоди байнипарлумонӣ қабули Қатъномаи Самарқандро дар бораи ҷавонон ва наслҳои оянда, ки ба густариши минбаъдаи иштироки ҷавонон дар идоракунии давлат ва ҷомеа нигаронида шудааст, истиқбол менамоем.
Ҳамзамон, барои тақдими платформаи махсус ҷиҳати мубодилаи таҷрибаи пешрафтаи худ дар самти намоён кардани иқтидори ҷавонон омодагии худро изҳор менамоем.

Аз ин фурсат истифода бурда, шуморо ба Конгресси байналмилалии ҷавонон «Мулоқоти наслҳо», ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, даъват менамоям.
Пешвоёни баркамоли азиз!

Агар бигӯем, ки дар симои шумо дӯстони хайрхоҳи Ӯзбекистони Нав, сафирони ҳамбастагӣ ва ҳамкориро мебинем, ҳақиқати ҳол хоҳад шуд.
Бовар дорам, ки мулоқоту мубоҳисаҳои доираи конфронс дар фазои ошкоро ва созанда баргузор гардида, ҳуҷҷатҳое, ки дар Самарқанд тасдиқ мешаванд, ба таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.

Шуморо бори дигар самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон саломатии мустаҳкам, неру ва ғайрати пойдор ва дар фаъолияти пурмасъулият комёбиҳои нав таманно менамоям!


Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон