Дар майдони назди қаср парчамҳои давлатии ду кишвар
барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Сарвари
давлати моро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр
Лукашенко самимона истиқбол гирифт.
Суруди
миллии ҳар ду кишвар садо дод.
Сарони
давлатҳо аз назди қаровули фахрӣ гузашта,
аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас
аз аксбардории муштарак, музокироти сатҳи олӣ оғоз ёфт.