Дар Фарғона маркази байналмилалии намоишгоҳии «Farg‘ona Expo» таъсис дода шудааст, ки фаъолияти он ба таблиғи васеи иқтидори иқтисодии минтақа, рушди ҳамкории саноатӣ, ҳавасмандгардонии содирот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ равона шудааст.
Ин марказ вазифаи на танҳо майдони намоишгоҳ, балки платформаи ягонаи иртиботӣ барои соҳибкорон ва сармоягузоронро иыро мекунад.
Дар ҳудуди маҷмаа, ки масоҳаташ панҷ гектар аст, барои намоиши маҳсулоти зиёда аз 200 корхонаи истеҳсолӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Ду ошёнаи аввали бинои нави ҳаштқабата барои ташкилотҳое ҷудо гардидаанд, ки дастгирии савдо, сармоягузорӣ ва соҳибкориро таъмин мекунанд. Ошёнаҳои болоӣ ҳамчун утоқҳои корӣ барои сармоягузорон ва намояндагони бизнес пешбинӣ шудаанд.
Дар марказ давоми сол ба таври доимӣ намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо аз рӯи 15 самти соҳавӣ баргузор мегарданд. Дар ин ҷо мақомоти давлатӣ, истеҳсолкунандагон, содиркунандагон ва сармоягузорон имкон доранд, дар як майдон ҳамкорӣ карда, робитаҳои амалӣ ба рощ монанд.
Бо дарназардошти самаранокии таҷрибаи Фарғона, дар оянда бунёд намудани чунин маҷмааҳои муосири намоишгоҳӣ дар шаҳри Тошканд, инчунин дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах ва Самарқанд ба нақша гирифта шудааст.
Ба Президент инчунин дар бораи платформаҳои рақамие, ки барои сармоягузорон ва соҳибкорон ҷорӣ шудаанд, аз ҷумла «Низоми ягонаи миллии иттилоотии идоракунии лоиҳаҳо» маълумот пешниҳод гардид.
Қайд шуд, ки платформаҳои invest.gov.uz ва pmi.miit.uz соҳибкорони дохилӣ ва хориҷиро дар фазои ягонаи рақамӣ муттаҳид намуда, шаффофияти равандҳои таҳия, татбиқ ва мониторинги лоиҳаҳои сармоягузориро таъмин мекунанд.
Платформаи ягонаи сармоягузорӣ аз рӯи тамоюли «равзанаи ягона» фаъолият мекунад. Тавассути он сармоягузор метавонад бо иқтидори сармоягузории минтақаҳо шинос шуда, лоиҳаҳои омодаро интихоб ва иҷрои онҳоро тавассути кабинети шахсӣ пайгирӣ намояд.
Сармоягузор имкон дорад ҳам лоиҳаро мустақилона пеш барад ва ҳам мушовири ваколатдорро ҷалб намояд. Ҳама дархостҳо дар низоми ҳамгирошуда, ки бо Вазорати сармоягузорӣ ва дигар идораҳои дахлдор пайваст аст, инъикос меёбанд. Муҳлатҳои иҷро дар ҳар марҳила ба таври худкор муайян шуда, раванд аз ҷониби менеҷери масъул назорат карда мешавад.
Дар ҳолати таъхир ё пайдо шудани мушкилот, масъала ба баррасии Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод шуда, қарорҳои фаврӣ қабул мегарданд. Чунин қарорҳои рақамӣ барои соҳибкорон шароити иловагӣ фароҳам оварда, эътимодро ба муҳити сармоягузорӣ тақвият медиҳанд.
Дар вилояти Фарғона ҳамкории самараноки сармоягузорон ва ташкилотҳои машваратӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба омодасозӣ ва татбиқи босифати лоиҳаҳои нав мусоидат мекунад.
Ба Президент як қатор лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, ки барои татбиқ дар минтақа пешниҳод шудаанд, муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, нақшаҳои таъсиси «Маркази байналмилалии тиҷоратии Авруосиё» дар ҳамкорӣ бо Чин, истеҳсоли биопеллет ва сохтмони неругоҳи гармидиҳӣ дар ҳамкорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ, инчунин ташкили кластери муосири тиббӣ бо иштироки Туркия баррасӣ шуданд.
Ба лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии босифат бо ҷалби Фаронса, Испания, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Ҳамчунин ташаббусҳои ояндадор оид ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор ва конгресс-холли муосир, таъсиси боғи нави истироҳатӣ дар шаҳри Қувасой, инчунин ба роҳ мондани истеҳсоли аккумуляторҳо барои мошинҳои барқӣ баррасӣ гардиданд.
Президент бо намоишгоҳҳое, ки иқтидори саноатӣ ва хидматрасонии вилояти Фарғонаро инъикос мекунанд, шинос шуд. Дар онҳо маҳсулоти соҳаҳои ҳунармандӣ, масолеҳи сохтмон, электротехника, мошинсозӣ, нассоҷӣ, саноати чарм ва пойафзол, инчунин заргарӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар толори дуюми намоишгоҳ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, нақлиёти экологӣ, соҳаи нафту газ, саноати мебел, фарматсевтика ва саноати кимиё муаррифӣ гардид. Ин намоишгоҳҳо рушди босуръати соҳаҳои истеҳсолии минтақаро нишон доданд.
Дар ин ҷо сарвари давлат бо соҳибкорони хориҷӣ мулоқот анҷом дод. Масъалаҳои тезонидани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, ташаббусҳо оид ба густариши фаъолияти корхонаи коркарди тилло ва таъсиси истеҳсолоти муосири маҳсулоти кабелӣ муҳокима шуданд.
Президент пешниҳодҳои соҳибкоронро шунида, барои ҳалли масъалаҳои бардошташуда супоришҳои мушаххас дод. Фаврият, самаранокӣ ва шаффофияти татбиқи ҳамаи лоиҳаҳо ба сифати афзалиятҳо таъкид гардиданд.