Ҳангоми ворид шудан ба Маркази конгрессии пойтахт сарвари
давлати моро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳам
Алиев ва директори иҷроияи Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин Анаклаудия Россбах истиқбол гирифтанд.
Маросими
аксбардории муштараки иштирокчиён баргузор шуд.
Мавзӯи
форуми имсола — «Манзил барои ҳама: шаҳрҳо ва ҷомеаҳои бехатару устувор»
мебошад. Дар кори он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои
байналмилалӣ ва ниҳодҳои рушд иштирок доранд.
Дар
рӯзномаи форум масъалаҳои рушди устувори шаҳрҳо, густариши дастрасии аҳолӣ ба
манзили замонавӣ ва дастрас, баланд бардоштани сифати муҳити шаҳрӣ, таҳкими
устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди зерсохтори иҷтимоӣ ва нақлиётӣ, инчунин
такмили механизмҳои маблағгузории манзил баррасӣ мешаванд.
Президенти
Ӯзбекистон дар Саммити роҳбарони форум суханронӣ хоҳад кард.