Дар оғози мулоқот меҳмони олиқадр ба роҳбари давлати мо салому паёмҳои самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Сербия Александар Вучичро расонд.
Дар ҷараёни суҳбат дурнамои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар заминаи татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ моҳи октябри соли 2025 ба даст омада буданд, баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки тамосҳо дар сатҳи ҳукуматҳо, парлумонҳо ва доираҳои соҳибкорӣ фаъол гардида, инчунин мубодилаи башардӯстона густариш меёбад.
Ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол, таҳияи барномаи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла мошинсозӣ, дорусозӣ, саноати кимиё, технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд.
Бо мақсади пешбурди рӯзномаи иқтисодии ҳамкорӣ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Белград нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ баргузор карда шавад.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати муташаккили меҳнатӣ, фарҳанг ва маориф баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуда, ҷадвали мулоқотҳои дарпешистодаи дар сатҳи олиро муҳокима карданд.