Ин
лоиҳа ба туфайли имкониятҳои васеъ, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
аз 29 январи соли 2020 «Дар бораи чораҳои иловагии аз ҷониби давлат дастгирӣ
ёфтани соҳаи чорводорӣ» муайян гардидаанд, амалӣ шуд.
Кластер,
ки 35 миллион доллар арзиши умумӣ дорад, дар 10 гектар майдони аз ҳудуди ноҳия ҷудошуда
дар се марҳила роҳандозӣ мешавад.
Дар
марҳилаи аввал аз хориҷи кишвар 15 ҳазор сар гӯсфанди зотӣ ворид гардида, то анҷоми
марҳилаи дуюм боз 35 ҳазор сар зиёд намудани шумораи чорво дар назар аст. Ба
шароити иқлими маҳаллӣ мутобиқ намудани зотҳои сермаҳсули «Арашан», «Ҳисор» ва
«Аделбай» пешбинӣ шудааст.
Тавассути
ҷорӣ намудани технологияҳои муосири парвариш ва истифодаи равишҳои илмӣ дар
кластер, барои ба таври назаррас зиёд кардани ҳаҷм ва сифати истеҳсоли гӯшт
имконият фароҳам мегардад. Тибқи нишондиҳандаҳои технологии лоиҳа, гӯсфандони
аз хориҷ воридшударо, ки 40–50 килограмм вазн доранд, тавассути бо усули
интенсивӣ тӯли се моҳ парвариш намудан то 100 килограмм расонидани вазни онҳо
ба нақша гирифта шудааст. Яъне аз ҳар як сар гӯсфанд то 60–70 килограмм гӯшти
холис ба даст овардан имконпазир хоҳад шуд.
Дар
натиҷа, нисбат ба чорводории анъанавӣ маҳсулнокӣ 45–50 фоиз меафзояд ва пас аз
бо иқтидори пурра татбиқ шудани лоиҳа, дар вилоят соле истеҳсоли 35–40 ҳазор
тонна маҳсулоти босифати гӯштӣ таъмин мегардад.
Дар
ин ҷо таъсис ёфтани 280 ҷойи нави кори доимӣ, инчунин таъмини шуғли
намояндагони 95 оилаи камбизоат барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ
мусоидат мекунад.
Инчунин,
дар назди маҷмаа хидматрасониҳои муосири логистикӣ, растаҳои байториву
хидматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо барои фурӯши мустақими маҳсулот сохта мешаванд.
Дар натиҷа, занҷираи ягона ва пайвастаи кластерӣ созмон меёбад.
Президент
самарбахшии таҷрибаи корхонаро дар рушди бахши чорводорӣ, таъмини бозори дохилӣ
бо маҳсулоти босифати гӯштӣ ва баланд бардоштани сатҳи таъмини шуғли аҳолӣ
таъкид намуда, аз рӯйи оммависозии он супориш дод.