Ин маҷмаа дар асоси супоришҳое, ки Сарвари давлат зимни сафари худ дар моҳи августи соли 2024 ба миён гузошта буд, бунёд гардидааст. Ин иншоот, ки аз ҳисоби 150 миллиард сӯм маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст, метавонад дар як вақт то 200 нафар истифодабарандаро фаро гирад. Дар ин ҷо барои таълими беш аз 3 ҳазор ҷавон дар як сол, ҷалби онҳо ба лоиҳаҳои амалӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои IT имконият фароҳам гардидааст.
Дар марказ барои фрилансер ва барномасозон муҳити муосири коворкинг, инчунин барои ширкатҳои резидент дафтарҳое, ки пурра таҷҳизонида шудаанд, ташкил гардидааст. Дар ин ҷо равандҳои таълим, истеҳсол ва хидматрасонӣ ба таври ҳамоҳанг роҳандозӣ шудаанд. Инфрасохторе, ки офарида шудааст, имкониятҳои худмашғулии ҷавононро васеъ намуда, барои дарёфти даромади устувор мусоидат мекунад.
Тавре зикр гардид, солҳои охир дар вилояти Фарғона ҳаҷми хидматрасониҳои IT 4 баробар афзуда, содирот аз 23 миллион доллар гузаштааст. Алҳол шумораи резидентҳои “IT-Park” дар вилоят ба 139 адад расидааст. Соли 2025 хидматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ ба маблағи 22,7 миллион доллар содир карда шудаанд.
Дар доираи таъсиси парки нав ба 200 нафар расонидани шумораи резидентҳо, таъсисдиҳии 700 ҷойи нави корӣ, афзунсозии ҳаҷми хидматрасонӣ ва ба 30 миллион доллар расонидани содирот чун ҳадаф муайян гардидааст.
Дар оянда дар ин маҷмаа ташкил намудани ҳаби технологияҳои зеҳни сунъӣ ва татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рақамикунонии низомҳои идоракунӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин курсҳои муосири таълимӣ аз рӯи зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, дизайни графикӣ, саводи компютерӣ ва забони англисӣ роҳандозӣ мешаванд. Барои стартапҳо маблағгузории венчурӣ, грантҳо ва барномаҳои акселератсия ҷорӣ мегарданд.
Президент бо резидентҳои парк ва ҷавононе, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият доранд, мулоқот кард. Ташаббус ва ғояҳое, ки аз ҷониби онҳо пешниҳод гардиданд, дастгирӣ шуданд.