Дар оғози мулоқот меҳмони олиқадр ба сарвари давлати мо салому паёмҳои самимӣ ва таманниёти беҳтарини Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейнро расонид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба миёни Ӯзбекистон ва Урдун баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки музокироти самарабахши сатҳи олӣ, ки соли гузашта дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, саҳифаи нави таърихи муносибатҳои дуҷонибаро боз намуд.

Дар доираи созишҳои бадастомада дар соли ҷорӣ гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумотӣ таъсис ёфта, ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ баргузор шуд, Шӯрои соҳибкорӣ таъсис гардид, инчунин парвозҳои ҳавоӣ ба роҳ монда шуданд.

Ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.