Дар арафаи соли нави таҳсил Маркази ташкили ҳаракати роҳ маҷмӯи
чораҳоро ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои наздики мактабҳо
анҷом дод. Хатти роҳ дар гузаргоҳҳои пиёдагард нав карда шуда, иншооти чароғаки
роҳ аз муоинаи техникӣ гузаронида шуданд ва реҷаи кори онҳо мутобиқ ба шароити
кунунии ҳаракат танзим гардид.
Дар пойтахт аз рӯйи 170 хатсайри автобусӣ ҳар рӯз беш аз 24 ҳазор равуои нақшавӣ анҷом дода
мешавад. Агар дар давраи тобистон шумораи хатсайрҳои автобусӣ ба ҳисоби миёна 1 622 ададро ташкил медод, бо оғози
соли нави таҳсил ин рақам то 1 707
адад зиёд карда шуд.
Дар соатҳои авҷи ҳаракат фосилаи ҳаракати қаторҳо дар
метро низ коҳиш дода мешавад. Дар хатти
Чилонзор ин фосила 1,5–2
дақиқа, дар хатти Ӯзбекистон
— 3–3,5 дақиқа, дар хатти
Юнусобод — 4–4,5 дақиқа ва дар хатти ҳалқавии рӯизаминӣ — 7–8 дақиқаро ташкил медиҳад.
Аз 14 қатораи
нави метро, ки интиқоли онҳо ба нақша гирифта шуда буд, 11 қатор аллакай ба истифода дода шуда,
дар хатҳои метро ҳаракат доранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки се қатори дигар
низ дар ояндаи наздик ба ҳаракат бароварда шаванд.
Маркази ташкили ҳаракати роҳ аз ронандагон ва волидон
даъват кард, ки дар наздикии муассисаҳои таълимӣ эҳтиёткории бештар зоҳир
намоянд.
«Ронандагон ва волидони муҳтарам! Дар наздикии мактабҳо
суръати ҳаракатро коҳиш диҳед, дар гузаргоҳҳои пиёдагард ба кӯдакон роҳ диҳед.
Истгоҳҳои автобусро банд накунед, дар назди муассисаҳои таълимӣ ва гузаргоҳҳои
пиёдагард тавре таваққуф накунед, ки ба ҳаракат халал расонад, инчунин ба хатҳои
барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинишуда ворид нашавед.
То
ҳадди имкон аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред. Ин ба коҳиш додани сарборӣ ба
кӯчаҳо, таъмини фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ ва кам кардани роҳбандӣ
дар наздикии мактабҳо мусоидат мекунад.
Соли
нави таҳсилро бо тартибу интизом, эҳтиёткорӣ ва эҳтироми ҳамдигар дар роҳҳо оғоз
мекунем», — таъкид карданд дар Маркази ташкили ҳаракати роҳ.