Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар додааст.

Қайд мешавад, ки аз ин имтиёз шаҳрвандони Ӯзбекистон — занони аз 55-сола боло ва мардони аз 60-сола боло, ки нафақахӯр мебошанд, метавонанд истифода баранд.

Тахфиф ҳар сол дар ду давра амал мекунад:

2–8 октябр — «Ҳафтаи пиронсолон»;

1–30 ноябр — «Моҳи сайёҳии пиронсолон».

Имтиёз ба қатораҳои ҳамаи самтҳои дохилии кишвар, ба истиснои қатораи баландсуръати барқии «Афросиёб», татбиқ мешавад.

Чиптаҳоро бо истифода аз тахфиф ҳам ба таври онлайн ва ҳам аз кассаҳои роҳи оҳан харидан мумкин аст.