Тавре Вазорати нақлиёт хабар дод, ба роҳ мондани қатораи нави барқӣ ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва сайёҳони хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҳамлу нақли байни минтақаҳо, ки қулай, бехатар ва замонавӣ бошад, равона шудааст.
Дар ин масир қатораи замонавии барқии баландсуръати истеҳсоли ширкати CRRC Dalian ба ҳаракат даромад. Қатора аз 4 вагон иборат буда, барои интиқоли 357 мусофир пешбинӣ шудааст.
Қаблан сафар бо роҳи оҳан байни Тошканд ва Андиҷон тақрибан 6–7 соат тӯл мекашид. Қатораи нави барқӣ ин масофаро дар муддати 4 соату 15 дақиқа тай намуда, вақти сафарро ба таври назаррас кӯтоҳ мекунад.
Интизор меравад, ки ба роҳ мондани масири нав дастрасии нақлиётиро байни минтақаҳо беҳтар намуда, барои сафарҳои бароҳати мусофирон шароити иловагӣ фароҳам оварад.