Коҳиш додани шумораи мошинҳо дар роҳҳо ба коҳиши партовҳои
зараровар ба атмосфера мусоидат карда, ба сифати ҳаво ва саломатии одамон
таъсири мусбат мерасонад ва инчунин барои коҳиш додани изи карбон мусоидат
мекунад.
Далел: нахустин иқдомҳо барои даст кашидан аз истифодаи
мошинҳо ҳанӯз дар солҳои 1950-ум дар баъзе кишварҳо оғоз шуда буданд. Солҳои
1956–1957 дар Нидерландия ва Белгия «якшанбеҳои бидуни мошин» баргузор
мешуданд. Дар охири солҳои 1990-ум дар шаҳрҳои Аврупо татбиқи лоиҳаҳо оид ба маҳдуд
кардани истифодаи мошинҳо оғоз ёфт. 22 сентябри соли 2000 аввалин Рӯзи аврупоии
бидуни мошин баргузор шуд. Баъдан ин ташаббус дар дигар кишварҳо ва шаҳрҳои ҷаҳон
низ паҳн гардид.
Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим, Вазорати нақлиёт,
Барномаи рушди СММ (UNDP) ва Фонди ҷаҳонии экологӣ (GEF) сокинони Ӯзбекистонро
даъват мекунанд, ки 22 сентябр аз истифодаи мошинҳои шахсӣ даст кашида, роҳҳои
аз ҷиҳати экологӣ тозатари ҳаракат — нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ё сайругашти
пиёдагардиро интихоб кунанд.
Ҳатто як рӯз бидуни мошин метавонад қадами хурд, вале муҳиме
барои коҳиш додани ифлосшавии ҳаво ва фароҳам овардани муҳити шаҳрии бароҳаттар
бошад.
Бо интихоби нақлиёти экологӣ мо шаҳрҳоро барои зиндагии
одамон қулайтар мегардонем.