Барӯйхатгирӣ аз 15 январ то 28 феврали соли 2026 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 сентябри соли 2025 № ФП–173 баргузор гардид.
Конференсия бо ташаббуси Кумитаи миллии омор ва Намояндагии Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Ӯзбекистон ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсия маълумот дар бораи натиҷаҳои пешакӣ, усулҳои методологӣ, таҷрибаи истифодаи технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои истифодаи маълумоти ҷамъоваришуда ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои стратегӣ пешниҳод гардид.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва кишоварзӣ раванди муҳими оморӣ буда, барои ташаккули пойгоҳи боэътимоди маълумот оид ба вазъи демографӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва аграрии кишвар хизмат мекунад.
Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии шарик, коршиносон ва инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ маълумот оид ба натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирӣ, усулҳои методологии истифодашуда, таҷрибаи истифодаи технологияҳои рақамӣ, инчунин имкониятҳои истифодаи маълумоти ҷамъоваришуда ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ ва қабули қарорҳои стратегӣ пешниҳод гардид.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва кишоварзӣ як раванди бузурги оморӣ мебошад, ки ба ташаккули пойгоҳи боэътимоди иттилоотӣ оид ба вазъи демографӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва аграрии кишвар равона шудааст. Дар доираи ин чорабинӣ дар бораи шумораи аҳолӣ, ҷойгиршавии он аз рӯи минтақаҳо, таркиби синну сол ва ҷинс, шароити зиндагӣ, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, инчунин субъектҳо ва захираҳои соҳаи кишоварзӣ маълумоти муҳим ҷамъоварӣ гардид.
Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, тавассути барӯйхатгирии онлайн 82,3 фоизи аҳолӣ фаро гирифта шуд. Фарогирии аҳолие, ки дар барӯйхатгирии онлайн иштирок накарда буданд, аз ҷониби намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла» тавассути гардиши хона ба хона бо истифода аз планшетҳо таъмин карда шуд. Мувофиқи натиҷаҳои санҷиши баъдибарӯйхатгирӣ, 97,3 фоизи шумораи умумии аҳолӣ фаро гирифта шуда, 2,7 фоизи аҳолӣ бо сабабҳои гуногун дар ин раванд иштирок накарданд. Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ, ин нишондиҳанда қобили қабул дониста мешавад, зеро дар таҷрибаи кишварҳои гуногун ҳиссаи аҳолии фаронагирифташуда метавонад ба 10 фоиз ва ҳатто бештар аз он расад.
Ҳангоми ташкили барӯйхатгирӣ ба самаранокии хароҷот диққати махсус дода шуд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, хароҷоти барӯйхатгирии як нафар ҳамагӣ 0,12 доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории барӯйхатгирӣ маълумоти геолокатсионии зиёда аз 8,2 миллион объект ҷамъоварӣ гардид. Ин маълумот имконият медиҳад, ки маҳалҳои аҳолинишин, манзилҳо, объектҳои кишоварзӣ ва дигар воҳидҳои суроғавӣ бо дақиқии баланд ба ҳисоб гирифта шуда, минбаъд маълумоти саҳеҳ аз рӯи ҳудудҳо истифода шавад.
Дар ташкили раванд дар маҳалҳо зиёда аз 55 ҳазор намояндаи «ҳафтгонаи маҳалла» иштирок намуданд. Дар давраи баргузории барӯйхатгирӣ истифодаи низоми OneID низ ба таври назаррас густариш ёфт. Аз ҷумла, дар ҳамин давра дар низоми мазкур 2,1 миллион истифодабарандаи нав ба қайд гирифта шуданд.
Ғайр аз ин, барои вокуниши фаврӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон фаъолияти маркази тамос (call-центр) ба роҳ монда шуд. Дар ҷараёни барӯйхатгирӣ тавассути ин марказ ҳар рӯз зиёда аз 2 ҳазор муроҷиат баррасӣ гардид.
Бо мақсади ба таври васеъ фаҳмондани аҳамият ва моҳияти барӯйхатгирӣ ва ҷалби фаъоли шаҳрвандон корҳои густурдаи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, маводи умумии фаҳмондадиҳӣ, филмҳои тасвирӣ, дастурҳои махсуси видеоӣ оид ба пур кардани варақаҳои барӯйхатгирӣ, маводи огоҳкунанда оид ба ҳолатҳои қаллобӣ, видеороликҳо дар бораи тартиби бақайдгирӣ тавассути низоми OneID, инчунин зиёда аз 10 видеоролик, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ таҳия шудаанд, омода гардиданд. Ин маводҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн карда шуданд.
Барои шаҳрвандон зиёда аз 30 брифинг оид ба тартиби иштирок дар барӯйхатгирӣ, имкониятҳои иштироки онлайн, пур кардани варақаҳо ва дигар масъалаҳо баргузор гардид. Дар саросари ҷумҳурӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ 723 гузориш ва барномаи хабарӣ намоиш дода шуда, дар нашрияҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тақрибан 19 ҳазор маводи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, инчунин дар рӯзномаҳо 184 мақола ва хабар нашр гардид. Илова бар ин, зиёда аз 100 мусоҳибаи иттилоотӣ бо иштироки шахсиятҳои маъруф, варзишгарон, вакилон, фаъолони ҷомеа ва намояндагони соҳаҳои гуногун омода карда шуд. Дар ҷойҳои серодам тақрибан 500 баннери калон ва зиёда аз 30 ҳазор плакат насб гардида, дар беш аз 400 мониторҳои LED видеороликҳои иттилоотӣ намоиш дода шуданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, шумораи аҳолии Ӯзбекистон нисбат ба натиҷаҳои барӯйхатгирии соли 1989 ду баробар афзоиш ёфтааст. Агар тибқи ҳисобҳои ҷории оморӣ шумораи аҳолии кишвар 38 миллиону 236 ҳазору 704 нафарро ташкил медод, пас мувофиқи натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирӣ он ба 39 миллиону 47 ҳазору 321 нафар расидааст. Фарқият 810 ҳазору 617 нафарро ташкил медиҳад.
Аз рӯи тақсимоти аҳолӣ вобаста ба ҷинс, шумораи мардон 19 миллиону 766 ҳазору 166 нафар ва занон 19 миллиону 281 ҳазору 155 нафарро ташкил додааст. Ҳангоми барӯйхатгирӣ инчунин 56,9 ҳазор шаҳрванди хориҷие, ки зиёда аз як сол дар ҳудуди Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба ҳисоб гирифта шуданд. Қисми асосии онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон, Русия ва Қазоқистон мебошанд.
Тибқи натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирӣ, дар таркиби миллии аҳолӣ ӯзбекҳо 89,4 фоиз, тоҷикон 3,3 фоиз, қарақалпоқҳо 2,2 фоиз, қазоқҳо 1,8 фоиз, русҳо 1,6 фоиз, қирғизҳо 0,6 фоиз, туркманҳо 0,5 фоиз ва намояндагони дигар миллатҳо 0,6 фоизро ташкил медиҳанд. 35,7 миллион нафар, ё 91,3 фоизи аҳолӣ, забони ӯзбекиро ҳамчун забони модарии худ нишон додаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳиссаи этникии ӯзбекҳо (89,4 фоиз) 1,9 банди фоизӣ бештар аст.
Тибқи натиҷаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ муайян гардид, ки майдони кишти зироатҳои яксола нисбат ба ҳисобҳои қаблӣ 23,0 фоиз, боғҳо ва токзорҳо 18,8 фоиз, гармхонаҳо 2,2 фоиз ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 15,0 фоиз зиёдтар будааст.
Дар соҳаи чорводорӣ низ тағйироти назаррас мушоҳида гардид. Аз ҷумла, нисбат ба ҳисобҳои ҷорӣ саршумори чорвои калони шохдор 14,9 фоиз, гӯсфанду буз 6,2 фоиз ва асп 11,2 фоиз камтар муайян гардид, дар ҳоле ки саршумори паранда 12,7 фоиз зиёдтар будааст.
Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва кишоварзӣ дар оянда барои таҳлили тағйироти демографӣ, арзёбии ҷойгиршавии аҳолӣ аз рӯи ҳудудҳо, муайян намудани эҳтиёҷот ба инфрасохтор, қабули қарорҳои мақсаднок вобаста ба шароити зиндагӣ ва нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқоти таҳлилӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Тавре ки дар конференсия таъкид гардид, натиҷаҳои барӯйхатгирӣ барои боз ҳам дақиқтар ва мақсаднок ба роҳ мондани банақшагирӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои рушди минтақаҳо, лоиҳаҳои инфрасохторӣ, инчунин дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғл, ҳифзи иҷтимоӣ ва кишоварзӣ мусоидат хоҳанд кард.
Маълумоти пешакии барӯйхатгирӣ мунтазам дар сомонаи расмии Кумитаи миллии омор ва инчунин дар саҳифаҳои расмии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда хоҳад шуд.