Дар ҳамоиш таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамчунин Президенти Давлати Исроил Исҳоқ Ҳерсог, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Амири Давлати Қатар Тамим бин Ҳамад бин Халифа Ол Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос Тхонглун Сисулит, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, роҳбарони ҳукуматҳо ва вазоратҳои корҳои хориҷии Бангладеш, Баҳрайн, Ветнам, Ҳиндустон, Камбоҷа, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Фаластин, Русия, Туркия ва Шри-Ланка, инчунин шахсони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) созмони байналмилалиест, ки соли 1992 таъсис ёфта, 28 давлати узв, 9 кишвари нозир ва 5 созмони байналмилалиро бо мақоми нозир муттаҳид менамояд.
Мувофиқи рӯзномаи ҳамоиш, иштирокдорон доир ба вазъи байналмилалӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ табодули афкор намуда, як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмонро баррасӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар саммити Боку ба тағйироти амиқи ҷаҳон, ки тақвияти ҳамкории наздиктар ва қабули қарорҳои муштаракро тақозо мекунанд, баҳо дод.
– Низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни Осиё боиси нигаронии хос мебошанд. Оқибатҳои онҳо аз ҳудуди минтақаҳои даргир фаротар рафта, ба амнияти минтақаҳои том таъсир мерасонанд, ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарар мерасонанд ва ба зиндагии миллионҳо нафар таъсир мегузоранд, – таъкид кард роҳбари давлат.
Ӯ даъват намуд, ки аз авҷгирии минбаъдаи низоъҳо ва ихтилофҳо пешгирӣ карда шуда, онҳо танҳо бо роҳи осоишта, тавассути воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо ҳал карда шаванд.
Дар ин замина, нақши махсуси МҲТБО дар ташаккули низоми устувори муносибатҳо, ки бар пояи амалҳои равшану пешгӯишаванда ва иҷрои тамоми уҳдадориҳои ба зиммагирифташуда асос меёбад, таъкид гардид.
Вобаста ба ин, роҳбари Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки Консепсияи ташаккули инфрасохтори эътимод дар Осиё таҳия карда шавад. Дар он бояд самтҳои асосӣ ва тадбирҳои мушаххаси рушди ҳамбастагӣ ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо муайян карда шаванд.
– Лоиҳаҳои муштараки нақлиётӣ ва энергетикӣ, рушди тиҷорат, робитаҳои рақамӣ, табодули фарҳангӣ ва башардӯстона аҳаммияти бузург доранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сипас таъкид гардид, ки замони муосир дар баробари ин, вазифаҳои наверо вобаста ба рушди босуръати технологияҳо ва тағйирёбии иқлим ба миён мегузорад.
– Зеҳни сунъӣ ҳаёти ҳаррӯзаи моро босуръат тағйир медиҳад. Он имкониятҳои беандоза фароҳам меорад, аммо ҳамзамон хатарҳои ҷиддиро низ ба вуҷуд меорад.
Мо бояд тамоми чораҳоро андешем, то пешрафти рақамӣ ба ҳамаи кишварҳо манфиат оварад ва тафовут дар сатҳи рушди технологӣ коҳиш ёбад, – таъкид кард роҳбари давлати мо.
Бо ин мақсад, Ташаббуси осиёӣ оид ба эътимоди технологӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ пешниҳод гардид. Барои пешбурди он ҳамчунин таъсиси майдони коршиносӣ дар доираи МҲТБО пешниҳод шуд, ки дар он мутахассисон тавсияҳои муштарак таҳия намуда, тадбирҳои амалиро мувофиқа хоҳанд кард.
Ҳамзамон, бо мақсади муттаҳид намудани талошҳои давлатҳои узви МҲТБО дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ташаббуси таъсиси Шарикӣ дар соҳаи устувории иқлимӣ пешниҳод гардид.
Бо дарназардошти он ки Ӯзбекистон ҳамоҳангсози самти Андозаи инсонии фаъолияти МҲТБО мебошад, омодагӣ барои баргузории Форуми рушди неруи инсонӣ дар соли оянда изҳор гардида, зарурати таҳияи Барномаи амалиёти МҲТБО то соли 2028 таъкид шуд.
Дар робита ба раёсати дарпешистода дар Ҷунбиши бетарафӣ даъватнома барои иштирок дар Нишасти бистумин ин созмон, ки баргузории он соли оянда дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, эълон гардид.
Дар ҷамъбасти суханронӣ Президенти Ӯзбекистон аз таҳкими минбаъдаи заминаҳои ташкилии МҲТБО ва номзадии намояндаи Озарбойҷон ба мақоми дабири кулли созмон ҷонибдорӣ намуда, инчунин аз нияти ҷониби Озарбойҷон барои идомаи раёсат дар Машварат истиқбол кард.
Дар саммит ҳамчунин роҳбарони давлатҳо, сарварони ҳайатҳои кишварҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.