Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунсамти Ӯзбекистону Гурҷистон баррасӣ шуданд.

Роҳбари давлати мо аз Президенти Гурҷистон барои меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуда, махсус қайд кард, ки чунин сафари давлатӣ ба ин кишвар дар тӯли  23 соли охир бори аввал баргузор мегардад.

Бо қаноатмандӣ фаъол гардидани робитаҳо дар сатҳи парлумонҳо, ҳукуматҳо ва доираҳои соҳибкорӣ таъкид шуд.

Ҳаҷми гардиши мол дар натиҷаи соли гузашта 270 миллион долларро ташкил дода, шумораи лоиҳаҳо ва корхонаҳои муштарак меафзояд. Дар кишвари мо аввалин бонки рақамии гурҷӣ «TBC» бомуваффақият фаъолият дорад. Парвозҳои мустақим байни Тошканд, Тбилиси ва Батуми ба роҳ монда шудаанд. Дар моҳи март дар пойтахти Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Гурҷистон бо муваффақият баргузор гардиданд.

Ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, аз ҷумла бо истифодаи самараноки имкониятҳои бандарҳои Поти ва Батуми таваҷҷуҳи асосӣ нигаронда шуд.

Ҳамчунин имкониятҳои мавҷуда барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фармасевтика, химия, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва сайёҳӣ зикр шуданд.

Муҳимияти густариши робитаҳо байни минтақаҳо барои роҳандозии табодули тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ таъкид гардид.

Дар охири мулоқот Шавкат Мирзиёев Михаил Кавелашвилиро даъват кард, ки аз кишвари мо боздид намояд.