Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги
сейсмопрогнозии Вазорати ҳолатҳои фавқулода, координатаҳои маркази заминларза
40,27 дараҷаи арзи шимолӣ ва 63,1 дараҷаи тӯли шарқиро ташкил доданд. Қувваи
заминларза 5,3 балл буда, умқи манбаъ 10 километрро ташкил кардааст.
Масофа аз маркази заминларза то Тошканд 527 километр дар
самти ҷанубу ғарбро ташкил додааст.
Қувваи таконҳои зеризаминӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба таври
зерин эҳсос шудааст:
–
дар вилояти Бухоро – 3-4 балл, масофа то марказ – 127 км;
– дар вилояти Навоӣ – 2-3 балл, масофа то марказ – 194 км.