Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии
мониторинги пешгӯии зилзилаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, манбаи заминларза
дар умқи 10 километр қарор доштааст. Масофа аз маркази заминларза то шаҳри Тошканд
519 километрро дар самти ҷанубу ғарб ташкил додааст.
Қувваи ларзишҳо дар минтақаҳои
зерин эҳсос шуд:
дар шаҳри Ғазлӣ — 3 балл;
дар ноҳияи Пешкӯ — 2–3 балл;
дар ноҳияи Қоракӯл — 2 балл;
дар ноҳияи Жондор — 2 балл.