Нерӯҳои амрикоӣ муҳосираи бандарҳои Эронро идома медиҳанд. Дар ин бора Фармондеҳии марказии ИМА дар Ховари Миёна (CENTCOM) хабар додааст.
Аллакай ба 38 киштӣ дастур дода шудааст, ки самти ҳаракатро тағйир диҳанд ё ба бандар баргарданд, хабар медиҳад korrespondent.net.
«Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА муҳосираи бандарҳои Эронро идома медиҳад ва ба вуруд ва хуруҷи киштиҳо роҳ намедиҳанд. Нерӯҳои амрикоӣ ба 38 киштӣ амр доданд, ки самти худро тағйир диҳанд ё ба бандар баргарданд», — гуфта мешавад дар изҳорот.