Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Индонезия, ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва густариши робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.

Яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот рушди минбаъдаи сохтории ҳамкориҳои байнипарлумонӣ буд. Аз ҷумла, ҷонибҳо барои фаъол намудани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, таҳияи санадҳои муштараки ҳамкорӣ, баргузории форумҳои байнипарлумонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ва таълимӣ оид ба омӯзиши тамаддуни исломӣ ва мероси ғании он ба мувофиқа расиданд.

Аҳмад Музанӣ ба ислоҳоти густурда, корҳои созандагӣ, сиёсати хориҷии бозу созандаи давлат, инчунин талошҳои Ӯзбекистони Нав дар самти ҳифз ва муаррифии мероси тамаддуни исломӣ баҳои баланд дод.

Ҳамчунин саҳми таърихии воизи бузург ва олими тасаввуф Малик Иброҳими Самарқандӣ, ки дар охири асри XIV ва аввали асри XV зиндагӣ ва фаъолият кардааст, дар паҳн намудани дини ислом дар ҷазираи Ява ва умуман Индонезия таъкид гардид. Зикр шуд, ки маҳз ба шарофати ҳамин мероси таърихӣ мардуми Индонезия нисбат ба Ӯзбекистон эҳтироми амиқ ва самимӣ доранд.

Дар музокирот зикр гардид, ки муколамаи фаъолу боэътимоди сиёсии роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва байнипарлумониро ба сатҳи сифатан нав баровардааст.

Ҷонибҳо инчунин оид ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла суръат бахшидан ба музокирот барои имзои созишномаи тиҷорати озод, эътирофи мутақобилаи сертификатҳои ҳалол ва тавсеаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин аҳамияти рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, махсусан зиёратӣ, содатар намудани расмиёти раводид, таҳкими робитаҳои академӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва идомаи пайгиронаи лоиҳаҳои муштараки фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид.

Дар анҷоми мулоқот Аҳмад Музанӣ дар Китоби меҳмонони фахрии Сенат сабт гузошта, аҳамияти таҳкими муносибатҳои байнипарлумонии ду кишварро махсус қайд кард.