Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар
суханронии худ таъкид кард, ки амният, маориф, меҳнат, ҳуқуқҳои рақамӣ, муҳити
солим ва озодиҳои сиёсӣ бо ҳамдигар алоқаманданд ва агар яке аз онҳо таъмин
нашавад, дигарон низ пурра амалӣ шуда наметавонанд.
Дар давоми ду рӯз аъзои парлумонҳои ҷавон масъалаҳои
мубрами замони муосирро баррасӣ намуда, таҷрибаи кишварҳои худро ба ҳам
мубодила карданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон дар шароити
низоъҳо, ҳуқуқ ва амнияти рақамӣ, тағйирёбии иқлим, меҳнати шоиста ва шуғли ҷавонон,
иштироки сиёсии ҷавонон ва занон, инчунин пешгирии зӯроварӣ нисбат ба онҳо таваҷҷуҳи
хос зоҳир шуд.
Дар доираи конфронс бо иштироки намояндагони СММ, Иттиҳоди
байнипарлумонӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин вакилони
парлумонҳои кишварҳои гуногун, муколамаҳои кушод ва баҳсҳои панелӣ баргузор
шуданд. Иштирокчиён аҳамияти ҷалби васеи ҷавонон ба равандҳои қабули қарорҳо,
таъмини ҳуқуқҳои сиёсии ҷавонон ва истифодаи самараноки неруи насли ҷавонро
барои ҳалли мушкилоти глобалӣ таъкид карданд.
Ҳамчунин дар ҷамъомади махсуси кушод таҳти унвони «Иштироки парлумонҳо дар ноил шудан ба Ҳадафҳои
рушди устувор» аъзои парлумонҳои ҷавон, намояндагони созмонҳои
байналмилалӣ ва коршиносон андешаҳои худро оид ба нақш ва имкониятҳои ҳокимияти
қонунгузор дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи миллӣ баён намуданд.
Дар доираи конфронс Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева
бо Президенти Иттиҳоди байнипарлумонӣ Тулия Эксон ва Дабири кулли он Анда
Филип, Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон, роҳбари Дафтари ҷавонони
СММ Фелипе Паулер ва директори генералии Ҷунбиши Сатяртхи оид ба раҳмдилии ҷаҳонӣ
Асмита Сатяртхи мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории Ӯзбекистон
бо Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва СММ, таҳкими дипломатияи парлумонӣ, ҷалби васеи ҷавонон
ба равандҳои қабули қарорҳо, рушди фаъолияти парлумонҳои ҷавонон ва тавсеаи
табодули байналмилалии таҷриба баррасӣ шуданд.
Ғайр аз ин, ба масъалаҳои рӯзномаи иқлимӣ, трансформатсияи
рақамӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар самти истифодаи масъулонаи зеҳни
сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Иштирокчиёни конфронс инчунин натиҷаҳои муҳими ҳамкории
пайвастаи Ӯзбекистон бо Иттиҳоди байнипарлумониро таъкид карданд. Аз ҷумла, қайд
гардид, ки 150-умин Ассамблеяи ҷашнии Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки соли 2025 дар
Тошканд баргузор шуд, инчунин як қатор чорабиниҳои байналмилалии парлумонӣ дар
кишвар муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав бароварданд.
Иштирокчиён махсус таъкид карданд, ки ин чорабинии
бонуфузи байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он табодули пурмуҳтавои
афкор ва муколамаи созанда оид ба масъалаҳои мубрами рӯз сурат гирифт.