Дар маросим Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов
паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро, ки ба
иштирокчиёни 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ирсол гардида буд, қироат намуд.
Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи президенти ФИДЕ Вишванатан
Ананд суханронӣ карда, иштирокчиёни олимпиадаро хайрамақдам гуфт ва таъкид
намуд, ки Ӯзбекистон бори аввал дар таърих мизбони бузургтарин мусобиқаи
даставии шоҳмот дар ҷаҳон мебошад.
Олимпиадаи
имсола аз рӯи шумораи иштирокчиён ва дастаҳо рекорд гузошт. Дар мусобиқа 397
даста, аз ҷумла 207 даста дар бахши кушода (Open) ва 190 дастаи занона иштирок
мекунанд. Дар маҷмӯъ, дар мусобиқа 1970 шоҳмотбоз, аз ҷумла 238 гроссмейстер,
ширкат доранд.
Дар
маросими ифтитоҳ намояндагони созмонҳои байналмилалии шоҳмот, ҳайатҳои хориҷӣ,
дастаҳои мунтахаби миллӣ ва ҷомеаи варзишӣ иштирок намуданд.
Дастаи
мунтахаби Ӯзбекистон дар Олимпиада бо қавитарин ҳайати худ баромад мекунад. Ба ҳайати
дастаи мардона Ҷавоҳир Синдаров ва Нодирбек Абдусатторов, ки ба даҳгонаи аввали
рейтинги ҷаҳонӣ дохил мешаванд, инчунин Нодирбек Ёқуббоев, Шамсиддин Воҳидов ва
қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмоти ФИДЕ Рустам Қосимҷонов шомиланд.
Дар
ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Ӯзбекистон Афруза Ҳамдамова, Гулрухбегим Тоҳирҷонова
ва дигар намояндагони боистеъдоди мактаби миллии шоҳмот аз шарафи кишвар ҳимоят
мекунанд.
Дар
Самарқанд ҳамзамон 3-юмин Паралимпиадаи шоҳмот низ баргузор мешавад. Дар он 41
даста ва 198 шоҳмотбоз иштирок мекунанд. Ин баландтарин нишондиҳанда дар
таърихи Паралимпиадаҳои шоҳмот ба ҳисоб меравад. Баргузории чунин мусобиқаҳо
барои рушди варзиши фарогир ва таҳкими мақоми шоҳмот ҳамчун навъи варзише, ки
барои ҳама дастрас аст, аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон
бо Олимпиада, 19–28 сентябр дар Самарқанд Конгресси 97-уми ФИДЕ баргузор
мешавад. Интизор меравад, ки роҳбарони беш аз 200 федератсияи шоҳмот дар он
иштирок кунанд.
Баргузории
чунин чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ дар Самарқанди таърихӣ бори дигар иқтидори
Ӯзбекистонро дар ташкили мусобиқаҳои бузурги байналмилалии варзишӣ ва зеҳнӣ дар
сатҳи баланд нишон медиҳад.
46-умин
Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот то 27 сентябр идома хоҳад кард.