Қайд карда шуд, ки тибқи натиҷаҳои соли 2025 ҳаҷми савдои
мутақобилаи ду кишвар 30,1 фоиз афзуда, содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Қатар
36,5 фоиз зиёд шудааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҷонибҳо лоиҳаҳои ояндадори бахшҳои
стратегии иқтисод, аз ҷумла ҷалби сармояи қатарӣ ба бахши бонкӣ, истихроҷи
маъданҳои фоиданок ва саноати кимиёро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди зерсохтори нақлиётӣ, соҳаи сайёҳӣ
ва идоракунии марказҳои минтақавии нақлиётиву логистикӣ зоҳир гардид.
Дар бахши савдо ва маҷмааи агросаноатӣ масъалаҳои таъсиси
агрокластерҳо ва пешбурди маҳсулоти Ӯзбекистон дар бозорҳои Шарқи Наздик муҳокима
шуданд.
Намояндагони идораҳои соҳавӣ ва ширкатҳои пешсафи ҳар ду
кишвар ташаббусҳои муштаракро муаррифӣ намуда, омодагии худро барои татбиқи
амалии тавофуқҳои ҳосилшуда тасдиқ карданд.