Роҳбари давлати мо Ираклий Кобахидзеро бо зодрӯзаш
самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва ба мардуми Гурҷистон
сулҳу шукуфоии минбаъда орзу намуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши минбаъдаи
муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Гурҷистон дар заминаи татбиқи амалии
тавофуқҳое, ки дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба
Гурҷистон 2–3 июли соли ҷорӣ ба даст омада буданд, баррасӣ шуданд.
Ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, амиқсозии ҳамкории
саноатӣ, инчунин таҳкими пайвастагии нақлиётӣ, аз ҷумла тавассути истифодаи
самараноки инфрасохтори бандарҳои Поти ва Анаклияи Гурҷистон, таваҷҷуҳи хос зоҳир
гардид.