Бори
башардӯстона дар гузаргоҳи марзии «Артик — Лутфобод» дар марзи Туркманистон ва
Эрон ба ҷониби Эрон тантанавӣ супурда шуд.
Дар
маросим сафири Ӯзбекистон дар Туркманистон Равшан Алимов, сафири Эрон дар
Туркманистон Алӣ Муҷтабо Розбеҳонӣ, ҳокими шаҳри Даргаз Муҷтабо Базмара,
намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар вилояти Хуросони Разавӣ Ҳайдарӣ
Фард, инчунин намояндагони ниҳодҳои гумрукӣ, тиббӣ ва башардӯстона иштирок
карданд.
Ҷониби
Эрон ба Президент ва мардуми Ӯзбекистон барои дастгирии дар ин давраи душвор расондашуда
изҳори сипос намуд.
Тавре
таъкид гардид, ин иқдоми башардӯстона боз як далели равобити анъанавии дӯстона,
эҳтироми мутақобила ва ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Эрон мебошад.