Дар ҷаласаи имрӯз дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузоргардида
қарор қабул шуд, ки ҳуқуқи баргузории Ҷоми
Осиё байни наврасони то 17-сола (U-17) дар соли 2027 ба Ӯзбекистон дода шавад.
Ҳамчунин мизбонони дигар мусобиқаҳои қоравӣ муайян
гардиданд:
Ҷоми Осиё U-17 (2027) - Ӯзбекистон;
Ҷоми Осиё U-23 (2028) - Ҷопон (ҳамзамон мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар
Лос-Анҷелес);
Ҷоми
Осиё U-17 (2029)
-
Арабистони Саудӣ.
Илова
бар ин, Кумитаи иҷроияи AFC формати нави Лигаи
қаҳрамонони элитаи Осиёро тасдиқ намуд. Аз мавсими солҳои 2026–2027 дар ин мусобиқа 32 даста иштирок хоҳанд кард.