Маълум шуд, ки мансабдорони агентӣ ба таври ғайриқонунӣ
ба кормандон Б.Д. ва Н.А. барои даврае, ки онҳо дар асл вазифаҳои меҳнатии
худро иҷро намекарданд, ба маблағи 931,6 миллион сӯм маош пардохт намудаанд.
Илова бар ин, бар хилофи талаботи Кодекси меҳнат, дар
давраи амал кардани ҷазоҳои интизомӣ ба 8 нафар кормандон маблағҳои пулӣ ба
маблағи умумии 88,5 миллион сӯм пардохт карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, маблағҳои буҷетӣ ба маиқдори зиёда аз 1
миллиард сӯм бо роҳи тасарруф ва исрофкорӣ дуздида шудаанд.
Аз рӯи ин ҳолат тибқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии
Ӯзбекистон (дуздӣ тавассути тасарруф ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз
гардидааст. Айни ҳол амалҳои
тафтишотӣ идома доранд.