Ин чорабинӣ ба муаррифии васеи имкониятҳои нодири туризми гастрономии минтақаи назди Баҳри Арал дар сатҳи байналмилалӣ, зиёд намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ дар Қароқалпоқистон, инчунин ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ равона шудааст.

Фестивал аз соли 2017 ба таври мунтазам баргузор мегардад. Имсол дар он тақрибан 50 ошпази касбӣ иштирок намуда, беҳтарин ва нодиртарин таомҳои моҳигиро, ки барои минтақаи назди Арал хосанд, пешниҳод мекунанд.

Меҳмонон метавонанд раванди тайёр кардани хӯрокҳоро тамошо карда, 99 навъи гуногуни таомҳои моҳигӣ — аз ҷумла моҳии бирён, дампухт, шӯрбоҳои машҳури моҳӣ ва дигар таомҳои миллиро бичашанд. Дар анҷоми фестивал маросими қадрдонии ғолибон баргузор мешавад.

Фестивали «99 таом аз моҳиёни Арал» на танҳо ҷашни мазза, балки таҷассумгари табиати эҳёшавандаи минтақа, мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои меҳмондӯстӣ мебошад.