Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Агентии кор бо ҷавонон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қараоқалпоқистон, инчунин ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ташкил карда мешавад.

Дар кори анҷуман намояндагони ҷавонон аз Беларус, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Русия ва ҳамчунин аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард.

Дар доираи чорабинӣ баргузории аксияҳои экологӣ, плоггинг (давидан ҳамроҳ бо ҷамъоварии партовҳо), озмунҳо, мусобиқаҳо, рӯнамоӣ, намоишгоҳҳо, вохӯриҳо ва муҳокимаҳо пешбинӣ шудааст. Иштирокчиён инчунин лоиҳаҳо ва ташаббусҳои худро дар самти ҳифзи муҳити зист муаррифӣ хоҳанд кард.

Барномаи анҷуман озмунҳои «Беҳтарин лоиҳаи экологӣ», «Беҳтарин шӯрои ҳаракати «Экологҳои ҷавон», инчунин мусобиқаҳои байналмилалии «Эко-заковат», «Клуби хушҳолон ва зиракон» (КВН) ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад.

Баргузории анҷумани байналмилалии экологӣ ба баланд бардоштани фаъолнокии ҷавонон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, дастгирии ташаббусҳои экологӣ, инчунин таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ равона шудааст.