Дар намоишгоҳ осори нодир аз осорхонаҳои Ӯзбекистон ва коллексияҳои
Қатар ба маъраз гузошта шудаанд, ки давраҳои гуногун — аз замони пеш аз ислом,
даврони Сомониён ва Темуриён то давраи муосирро фаро мегиранд. Дар экспозитсия
инчунин намунаҳои ҳунарҳои анъанавӣ ва санъати бофандагӣ пешниҳод шудаанд.
«Ин як имконияти хубест барои шинос намудани сокинон ва
меҳмонони Қатар бо таърих ва мероси кишвари мо ва боз як қадами муҳим дар рушди
робитаҳои фарҳангӣ миёни Ӯзбекистон ва Қатар мебошад», — таъкид кард Саида
Мирзиёева.
Ҳамон рӯз намоишгоҳи «Ektashif Uzbekistan» низ
ифтитоҳ гардид, ки натиҷаи сафари ҳафт ҳунарманди Қатар ба шаҳрҳои Тошканд,
Самарқанд ва Бухоро мебошад.
Иштирокчиён аз фарҳанг, таърих ва анъанаҳои Ӯзбекистон илҳом
гирифта, маснуоти заргарӣ, матнҳои бо услуби қадимаи хаттотӣ навишташуда ва қолинҳо
офариданд. Ғайр аз ин, дар намоишгоҳ аксҳое ба маъраз гузошта шудаанд, ки ҳунармандон
ҳангоми сафар ба Ӯзбекистон гирифтаанд.
Ҳар ду намоишгоҳ ба муаррифии мероси ғании фарҳангии Ӯзбекистон
ба тамошобинони Қатар ва ҷомеаи байналмилалӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои
башардӯстона ва фарҳангӣ миёни ду кишвар равона шудаанд.