Тибқи маълумоти тафтишот, 1 июли соли ҷорӣ кормандони мақомоти
корҳои дохилӣ аз як шаҳрванди соли таваллудаш 2003 телефони мобилии iPhone 17 Pro Max-ро бо гумони нигоҳдории
маводи динии мамнуъ дар хотираи дастгоҳ мусодира карда буданд.
Муфаттиш аз мақоми хизматии худ сӯиистифода намуда,
тавассути ду миёнарав барои баргардонидани телефони мусодирашуда аз соҳиби он 1000 доллари ИМА гирифтааст. Ҳангоми
гирифтани маблағ фаъолияти ғайриқонунии ӯ пешгирӣ карда шуд.
Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни
замон амалҳои аввалияи тафтишотӣ идома доранд.
Хадамоти давлатии амният аз шаҳрвандон даъват менамояд,
ки дар бораи чунин ҳолатҳои коррупсия ва дигар қонуншиканиҳо тавассути рақами кӯтоҳи
1520 хабар диҳанд. Махфияти шахсияти
муроҷиаткунанда пурра кафолат дода мешавад.