Бино ба маълумоти ҳокимияти пойтахт, то имрӯз:
174 837 адад ҳисобкунаки «ақлманд» насб шудааст;
143 271 муштарӣ ба низоми нав пайваст гардидааст;
ин 18 фоизи шумораи умумии муштариён дар пойтахтро ташкил медиҳад.
Ҳисобкунакҳои нав маълумотро дар бораи истеъмоли об ба
таври худкор тавассути алоқаи радиобайни интиқол медиҳанд, ки ин ҳисоббаробаркуниҳоро
дақиқтар ва шаффофтар месозад.
Дар доираи лоиҳа бо иштироки ширкати SUEZ International
инчунин низомҳои муосири рақамии идоракунӣ, аз ҷумла SCADA, GIS ва дигар
технологияҳо ҷорӣ мегарданд.