Дар чорабинӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-лейтенант Азиз Ташпулатов иштирок намуд. Ӯ ба ҳайатҳои кишварҳои шарик ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои хатарноки ҷинояткорӣ дар қаламрави ИДМ барои иштирок дар ҷаласа изҳори сипос кард.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақа равишҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан дар самти муқовимат ба таҳдидҳои маводи мухаддир пешниҳод мешаванд. Таъкид шуд, ки ин ҷаласа идомаи мантиқии форуми ҷаҳоние мебошад, ки чанде пеш дар Самарқанд баргузор гардида, ба мубориза бо таҳдидҳои фаромиллии маводи мухаддир бо мақсади таъмини саломатӣ ва амнияти ҷамъиятӣ бахшида шуда буд.

Иштирокчиён ҳамчунин қайд карданд, ки солҳои охир ҳамкории байни ВКД кишварҳои ИДМ таҳким ёфта, табодули иттилоот ва ҳамоҳангии амалиётҳои байналмилалии ҷустуҷӯӣ-тафтишотӣ густариш меёбад.

Таъкид мешавад, ки талошҳои муштарак имкон медиҳанд дар мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, субот ва амният дар минтақа таҳким ёбад.

Дар ҷараёни ҷаласа баррасии муфассали масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва дигар самтҳои муҳими таъмини амният дар назар аст.