Гуфта мешавад, ки 19 майи соли ҷорӣ дар мактаби №275-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт байни хонандаи ноболиғ Р.Р., соли таваллудаш 2010 ва омӯзгор З.Р., соли таваллудаш 2002 муноқиша рух додааст.
Тибқи маълумоти тафтишот, хонанда ҳангоми дарс супоришҳои омӯзгорро иҷро накарда, ба баргузории дарс халал расондааст, ки ин боиси баҳси лафзӣ ва баъдан ҷанҷол шудааст. Дар ҷараёни муноқиша омӯзгор ба хонанда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Ҷабрдида барои гирифтани кумаки тиббӣ муроҷиат кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса шуъбаи тафтишотии назди ШКД ноҳияи Мирзо Улуғбек нисбати шаҳрванд З.О. бо моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон («Қасдан расонидани зарари ҷисмонии дараҷаи миёна») парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Тафтишот идома дорад.