Тибқи маълумоти ҳокимияти шаҳри Тошканд, ин нишондиҳандаҳо
аз он шаҳодат медиҳанд, ки суръати сохтмон дар пойтахт пайваста нигоҳ дошта
мешавад.
Дар ин давра 151
бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ ба истифода дода шуда, 11 ҳазору 270 манзили нав ба аҳолӣ
супурда шуд.
Ҳамчунин, 7
иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла 3 муассисаи томактабӣ ва 4 иншооти дигари иҷтимоӣ ба фаъолият
оғоз карданд.
Сохтмони
имрӯза барои фароҳам овардани зиндагии бароҳати фардо хизмат мекунад. Афзоиши
шумораи манзилҳои нав ва иншооти иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки Тошканд пайваста ҳамчун
як шаҳри муосир, қулай ва барои зиндагӣ ҷолиб рушд мекунад.