Тибқи маълумот, се шаҳрванди Украина, ки солҳои 1994, 1997 ва 2001 таваллуд шудаанд, 12 июни соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон омадаанд. Ҳангоми кофтукоби ду манзил дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд, ки онҳо муваққатан дар он ҷо истиқомат мекарданд, дар ҳузури шоҳидон маводи мухаддири мамнуъ пайдо ва мусодира гардид.

Муайян шудааст, ки ин маводҳо ба миқдори хурд бастабандӣ шуда, барои паҳн кардан дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт тавассути усули ба ном «закладка» омода гардида буданд.

Маводи мусодирашуда аз ҳашиш, мефедрон ва алфа-PVP иборат буда, вазни умумии онҳо 1 килограмму 945 граммро ташкил додааст.

Ҳамчунин аз ташкилкунандагони интернет-мағозаи фурӯши маводи мухаддир боз 460 грамм мефедрон ва алфа-PVP, ки барои бастабандӣ ва паҳнкунии минбаъда дар ҳудуди Тошканд дар махфигоҳ нигоҳ дошта мешуданд, дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Нисбати боздоштшудагон тибқи банди «а» қисми 6 моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба онҳо чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси пешакӣ татбиқ шудааст.

Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.