Ин иқдом аз 28 июл то 6 сентябр идома дошта, ҳадафи он беҳтар намудани
вазъи санитарии маҳалҳои аҳолинишин, ободонии ҳудудҳо, сари вақт баровардани партовҳо ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ мебошад.
Дар арафаи Рӯзи истиқлолият ҷиҳати таъмини тозагӣ дар ҷойҳои
ҷамъиятӣ — бозорҳо, маҷмааҳои савдо, боғҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ тадбирҳои
иловагӣ тақвият дода шуданд. Хадамоти тозакунии санитарӣ ва ободонӣ шабонарӯзӣ
фаъолият доранд.
Бо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ якҷо барои баровардан
ва интиқол додани партовҳои дар ҷараёни корҳои таъмирӣ ҷамъшуда тадбирҳо роҳандозӣ
гардидаанд, то ки то оғози соли нави таҳсил муҳити тоза ва шароити мусоид
таъмин карда шавад.
Шохаҳо ва боқимондаҳои дарахтон пас аз буридани санитарии
дарахту буттаҳо барои компосткунӣ равона карда шуда, минбаъд барои истеҳсоли
нуриҳои органикӣ истифода мешаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати ободонии полигонҳои
партов ва пешгирии сар задани сӯхтор чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Ҳамчунин, дар
10 рӯзи аввали маърака, ба 137 полигони партов 125 ҳазору 526
тонна партов
интиқол дода шудааст. Барои ин техникаҳои махсус 39
ҳазору 130 сафар анҷом додаанд.
Корҳо дар доираи маъракаи «40 рӯзи долзарб» тибқи нақшаи тасдиқшуда идома доранд.