Дар натиҷаи баррасии ин ҳуҷҷатҳо 151 нафар аз вазифаҳои
ишғолкардаашон озод карда шуданд, ба 833 корманд танбеҳ дода шуд, 150 нафар ба ҷавобгарии
маъмурӣ кашида шуданд ва боз 1 ҳазору 335 нафар расман огоҳ карда шуданд.
Маълумоти муфассал дар инфографикаи дахлдор пешниҳод шудааст.
Ғайр аз андешидани чораҳо вобаста ба қонуншиканиҳои
ошкоршуда, барои ислоҳи хатогиҳо ва камбудиҳои роҳдодашуда дар тақрибан 10
ташкилоте, ки шумораи бештари муроҷиатҳо ба онҳо ворид мешавад, семинарҳои
амалии омӯзишӣ баргузор карда шуданд.
Қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
назорати доимиро аз болои риояи интизоми иҷроия ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон
идома хоҳанд дод.