Дар чорабинӣ Президент Шавкат Мирзиёев иштирок намуда, мардуми кишварро бо ҷашни бузург самимона табрик гуфт.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар Тошканди Нав баргузор гардидани ҷашни аз ҳама бузурги мо, шукӯҳу шаҳомати идро боз ҳам афзунтар менамояд. Бо итминон гуфта шуд, ки Тошканди Нав ба ҳусни пойтахтамон ҳусни тоза зам намуда, ба маркази воқеии тараққиёт табдил меёбад, ки иқтидору тавоноии Ӯзбекистони Навро дар худ таҷассум мекунад.
Президент гуфт, ки халқи мо соли 1991 бо ирода ва азми қатъии худ Истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Таъкид гардид, ки решаҳои истиқлоли бузурги мо ба таърихи давлатдории беш аз сеҳазорсола ва тамаддуни бостонӣ мепайвандад.
Истиқлол ба халқи мо шаъну шараф, дини муқаддас, забони модарӣ ва арзишҳои миллиамонро, ки фаромӯш мешуданд, бозгардонд. Дар чорабинӣ ба хотираи ниёгони бузург ва ҷадидонамон, ки барои ҳаёти озоди кунунии мо ҷони худро фидо кардаанд, сари таъзим фуруд оварда, меҳнат ва ҷасорати ҳамаи ҳамватанони марҳумамон, ки дар таҳкими истиқлолият саҳми арзанда гузоштаанд, эътироф гардид.
Хотираи дурахшони Президенти нахустин, арбоби шинохтаи давлатӣ ва сиёсӣ Ислом Абдуғаниевич Каримов бо эҳтиром ёдоварӣ шуд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки аҳамияти бузурги истиқлолият, пеш аз ҳама, дар қадри инсон ва ҳаёти озодонаи ӯ намоён мешавад.
Аз рӯзҳои аввали оғози ислоҳот, ба дили мардум гӯш додан, ба дарди аҳолӣ дармон шудан, чун мақсади устувор муайян гардида, ғояи «Барои қадри инсон!» дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Пеш аз ҳама, ба мушкилоте чун «ғуломии пахта», «меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати кӯдакон», «маҳдудияти конвертатсия», «прописка», ки солҳои тӯлонӣ мардумро азият медоданд, хотима бахшида шуд.
Муҳимтар аз ҳама, ҷойи тарс ва ҳароси дили шаҳрвандонро боварӣ ва хотирҷамъӣ гирифт. Бо иродаи бузурги сиёсӣ Ӯзбекистон ба рӯйи ҷаҳон боз гардид, мушкилоти марзӣ ҳал гардида, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя таҳким ёфт.
Дар натиҷаи тағйироти куллӣ дар сиёсати асъор, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ, мавқеи мамлакати мо дар «Индекси озодиҳои иқтисодӣ» 80 зина беҳтар шуд. Пештар ба иқтисодиёт соле 2-3 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида бошад, ҳозир ин нишондиҳанда ба 40–50 миллиард долларро ташкил медиҳад. Якҷо бо сармоягузорӣ, ба мамлакат, технологияҳои пешрафта, донишҳои муосир ва имкониятҳои нави иқтисодӣ низ ворид мешаванд.
Се сол пеш дар соли 2030 ба 160 миллиард доллар расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ шуда буд. Гуфта шуд, ки новобаста аз халалдор шудани занҷираҳои логистикӣ ва вазъи ноором дар ҷаҳон, ин марра ҳамин сол барзиёд иҷро гардида, Ӯзбекистон ба қатори давлатҳои дорои даромади аз сатҳи миёна боло дохил мешавад.
Маҳз ба туфайли меҳнати фидокоронаи мардум, иқтидори зеҳнӣ, инчунин, ҳамбастагии миллат ва давлат ба чунин натиҷаҳо ноил гардидани мамлакат махсус таъкид гардид.
Дар замони нав беш аз 650 ҳазор оилае соҳиби хонаву ҷойи замонавӣ гардиданд, ба ҳазорон маҳаллаҳо симои Ӯзбекистони Нав ворид мегардад.
Масъалаи камбизоатӣ ошкоро эътироф гардида, барои беҳтар намудани даромад, касб, саломатӣ, таҳсили фарзандон ва шароити зисти оилаҳои ниёзманд низоми корбарии «маҳаллабайъ» роҳандозӣ карда шуд.
Ба туфайли саъю талошҳои пайгирона, сатҳи камбизоатӣ аз 35 фоизи соли 2017 то 4 фоиз поин рафт. Таъкид гардид, ки дар пасманзари ин рақамҳо эҳсоси шодиву шукргузории 10 миллион нафар инсон қарор дорад, ки ба хонадонҳояшон баракат ворид шуда, сифати зиндагияшон беҳтар гардидааст. Ҳамин тавр, муқаррар карда шуд, ки меъёри асосӣ дар сиёсати иҷтимоӣ на рақамҳо, балки тағйироти мушаххас дар ҳаёти инсон ва оила мебошад.
Президент таъкид кард, ки барои пайдо намудани мавқеи муносиб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба мо насли нави мутахассисони заковатманде, ки касбҳои ояндаро амиқ аз худ карда, соҳиби фикри мустақили хеш ҳастанд, заруранд.
Аз ин рӯ, ба таълим сифат ва мазмуни навро ворид намуда, обрӯю эътибори омӯзгор барқарор мешавад, даромадаш пайваста зиёд мегардад.
Дар даҳ соли гузашта, ҳатто дар шароите, ки аҳолӣ 8 миллион нафар афзуд, фарогирӣ бо таълими томактабӣ ба 78 фоиз расонида шуд, дар мактабҳо 1,5 миллион ҷойи иловагии хонандагон таъсис ёфт.
Мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва ихтисосонидашуда, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳо барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар ба низоми таълим мазмуни нав бахшид.
Шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 1 миллиону 600 ҳазор нафар расид. Барои падару модарон соҳиби маълумоти олӣ кардани фарзанд дигар танҳо орзу набуда, балки ба ҳадафи дастрас табдил ёфт.
Дар баробари таълим, илму фан, технологияҳои муосир ва инноватсияҳо ҳамчун омили ҳалкунандаи тараққиёт муайян гардиданд. Ба технологияҳои иттилоотӣ (IT), зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти эҷодӣ рӯҳи тоза бахшида, ба соҳаи индустрияи рақамӣ ва касбҳои оянда ҷалб кардани 10 миллион ҷавонон ҳадаф муқаррар гардидааст.
Президент таъкид кард, ки Ӯзбекистон бояд ба марказе табдил ёбад, ки дар соҳаи технология ба ҷаҳон ташаббусҳои пешрафта пешниҳод кунад, забони ӯзбекӣ бошад, дар ҷаҳони рақамӣ бояд ба забони офарандаи илму технология табдил ёбад.
Солҳои охир маблағҳое, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ҷудо карда мешаванд, беш аз 8 баробар зиёд карда шуд. Имконияти дастрасӣ ба хидматрасонии босифати тиббӣ ҳам дар марказ ва ҳам дар минтақаҳо афзуда, 652 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардид ва барои бахши хусусӣ имкониятҳои васеъ дода шуд. Дар натиҷа ҳаҷми хизматрасониҳои тиббӣ 3 баробар афзуда, беш аз 100 усули мураккаби ташхис ва табобат, ки пештар дар хориҷ амалӣ мешуданд, дар кишварамон роҳандозӣ шуданд.
Афзоиши давомнокии миёнаи умри аҳолӣ аз 66,4 сол дар соли 1991 то 75,4 сол дар соли 2025 расид, фавти кӯдакони навзод ва модарон 4 баробар кам гардид.
Объектҳои илмиву маърифатӣ бунёд гардиданд, ки ба мероси бузурги беназири ниёконамон, мисли Маркази тамаддуни исломӣ, маҷмааҳои ёдгории Имом Бухорӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ муносиб мебошанд. Гуфта шуд, ки ин масканҳо дар кишвари мо, ҷаҳони ислом ва тамоми ҷаҳон эътирофи бузурге пайдо кардаанд. Чунин корҳои созанда, ки ба омӯзиши мероси илмӣ ва маънавии ниёи бузурги мо ва таблиғи васеъи он ба ҷаҳон нигаронида шудаанд, пайваста идома хоҳанд ёфт.
Роҳбари давлат ҷавонони Ӯзбекистони Навро сарвати аз ҳама бузурги мамлакат ва неруи ҳалкунандаи оянда унвон дод.
Дастовардҳои таърихӣ дар бозиҳои Олимпӣ ва Паролимпӣ дар Токио ва Париж, бори аввал дар ҷоми ҷаҳон иштирок намудани футболбозони мо, пирӯзиҳои ҷавонон дар олимпиадаҳои байналхалқии фаннӣ, озмун ва ҷашнвораҳо ба халқамон ифтихори бузург мебахшад.
Пеш аз Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар Самарқанд доир мегардад ва рақобати гроссмейстер Ҷавоҳир Синдоров барои тоҷи шоҳмоти ҷаҳон, ба ҷавононамон ғалабаҳои дурахшон таманно гардид! Аз писару духтарон даъват карда шуд, ки ҳеҷ гоҳ аз пеш рафтан ва ҷустуҷӯ бознаистанд!
Президент таъкид кард, ки имрӯз мамлакати мо дар марҳалаи таърихии боз ҳам масъулиятнок ва ҳалкунанда қарор дорад. “Даҳсолаи оянда бароямон замони тараққиёти миллӣ хоҳад гардид”, гуфт сарвари давлат ва қайд намуд, ки ба ин мақсад ба туфайли заковат, меҳнат ва ҳамбастагии халқамон хоҳем расид.
Онҳо самтҳои афзалиятнокро аз таълим ва тандурустӣ то иқтисоди технологияи баланд, экология, адолат, маҳалла ва сиёсати хориҷиро дар атрофи як ҳадаф муттаҳид мекунанд.
Нахустин барномаи миллӣ ба табдил додани дониш ва сабақ – ба сармояи асосии рушди оянда равон карда мешавад.
Барномаи дуюми миллӣ ба таъмини тандурустӣ ва дарозумрии аҳолӣ хизмат хоҳад кард.
Барномаи сеюми миллӣ ба модели технологияи баланд ва ҳосилнокии меҳнат гузарондани иқтисодиётамонро пешбинӣ менамояд.
Барномаи чоруми миллӣ ба тағйир додани куллии муносибат ба об ва табиат нигаронда мешавад.
Барномаи панҷуми миллӣ ба пурзӯр намудани мустақилии суд ва таъмини волоияти қонун нигаронида мешавад.
Барномаи шашуми миллӣ маҳалларо ба фармоишгари асосии рушди ҷамъиятӣ табдил медиҳад.
Барномаи ҳафтуми миллӣ ба ҳарҷониба баланд бардоштани нуфузи Ӯзбекистон чун мамлакати сулҳ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ нигаронда мешавад.
Сиёсати шаффоф, прогматик ва сулҳдӯстонаи хориҷии Ӯзбекистон ба таъмини рушди мамлакат дар истиқболи дарозмуддат хидмат менамояд.
Воқеан муваффақиятҳои таърихӣ дар мустаҳкам намудани некҳамсоягӣ, вусъат додани шарикии стратегӣ ва робитаҳои дӯстона дар Осиёи Марказӣ ба даст омада, муносибатҳо бо мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ва ҷаҳони арабу ислом боз ҳам мустаҳкам гардид.
Дар Аврупои Шарқӣ, Африқо ва Амрикои Лотинӣ самтҳои нави ҳамкорӣ боз гардиданд, теъдоди давлатҳое, ки бо Ӯзбекистон муносибати дипломатӣ барқарор намудаанд, қариб ба 170-то расид. Сиёсати хориҷии бисёрсамта, мутаносиб ва мутавозин ва дипломатияи иқтисодӣ пайгирона идома меёбад.
Мамлакатамон солҳои 2027-2029 бори аввал дар Ҷунбиши бетарафӣ раисӣ намуда, барои баланд бардоштани самарабахшии ин ниҳоди ҷаҳонӣ, ки беш аз 120 давлати ҷаҳонро муттаҳид месозад, ташаббусҳоро пешбарӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки сиёсати конструктивӣ оид ба Афғонистон қатъан идома меёбад.
Президент ба намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ, ходимони воситаҳои ахбори оммавии хориҷӣ, меҳмонҳои олиамон аз ИМА, Туркия ва Сингапур, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, барои ҳамкории босамар миннатдорӣ баён кард.
Пешвои мамлакат дар анҷоми суханронӣ бо эътимод ба халқ муроҷиат кард: “Имрӯз мо аз дирӯз пурзӯртарем. Насиб, фардо боз ҳам нерумандтар хоҳем шуд.
Дар 35 соли тараққиёти мустақил мо амиқ як ҳақиқатро дарк намудем: агар халқ ва давлат кӯшишро дар роҳи мақсади ягона муттаҳид созад, барои онҳо қуллаҳои фатҳнагарданда вуҷуд нахоҳад дошт”.
Президент даъват кард, ки Ватани ягона, халқи ягона шуда, якҷоя ҳаёти нав, ояндаи навро бисозем!
Бо итминон гуфта шуд, ки мо ҳама якҷоя, бо матонат, меҳнат ва ҳамдилӣ замони тиллоӣ, таърихи нави бузурги Ватанамонро ба вуҷуд меорем!
Роҳбари давлат тамоми халқамонро бори дигар ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик гуфта, ба Ватанамон сулҳу осоиш, ба хонадонҳоямон ободиву фаровонӣ орзу намуд! Ба халқамон, ки офаранда ва бунёдкори воқеии истиқлолият ҳастанд, шаъну шараф хоста, бо суханони “Зинда бод, Ҷумҳурии Ӯзбекистон! Зинда бод, халқи Ӯзбекистон!” паёми худро хотима бахшид.