Ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Садир Нурғожоевич
Жапаров, барои пазироии самимӣ ва ташкили олии саммит изҳори сипоси самимӣ
менамоям.
Мардуми бародари қирғизро
ба муносибати 35-умин солгарди соҳибихтиёрии давлатӣ самимона табрик мегӯям. Мо
аз дидани рушди устувори Қирғизистон ва пайваста таҳким ёфтани нуфузи он дар
арсаи байналмилалӣ хушҳолем.
Ба ҳамаи шумо
барои таманниёти нек ба муносибати таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
изҳори сипос менамоям.
Ман ҳам ба
табрикот ба унвони муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Тоқаев ба муносибати ифтитоҳи
нахустин иҷлосияи Қурултойи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамроҳ мешавам.
Муҳтарам
иштирокчиёни ҷаласа!
Мо ба натиҷаҳои самарабахши раёсати Қирғизистон дар
Созмони ҳамкории Шанхай баҳои
баланд дода, рӯзнома ва лоиҳаҳои қарорҳои
ҷаласаи имрӯзаро дастгирӣ мекунем.
Саммити имсола дар
соли 25-умин солгарди таъсиси СҲШ баргузор мегардад.
Ман бо баҳои ҳамкасбонам
комилан розӣ ҳастам, ки вақт зарурати ин минбар ва самаранокии чунин формати ҳамкориро
собит намуд. Созмон бо роҳнамоӣ аз принсипҳои «рӯҳияи Шанхай» муколамаи баробарҳуқуқро
таъмин карда, ба суботи минтақавӣ ва рушди устувори кишварҳои мо мусоидат
намуд.
Ӯзбекистон аз рӯзҳои
аввали таъсиси СҲШ пайваста аз таҳкими он ҳамчун платформаи боз, ғайриблокӣ ва
сулҳдӯст барои ҳамкорӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Мо махсусан
арзишманд мешуморем, ки дар маркази ҳамкории мо Осиёи Марказӣ – ядрои ҷуғрофӣ
ва стратегии СҲШ қарор дорад.
Муҳтарам ҳамкорон!
Мулоқоти мо дар давраи тақсимоти геополитикӣ, афзоиши
норасоии эътимод, шиддат гирифтани низоъҳо ва заифшавии ҳуқуқи байналмилалӣ
баргузор мегардад.
Вазъи рӯзафзун дар Ховари Миёна боиси нигаронии махсус
мегардад.
Мо қатъиян ҷонибдори барқарор намудани муколама ва коҳиши
шиддат дар минтақа ҳастем.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Мехостам ба масъалаҳои мубраме, ки дар назди СҲШ қарор доранд,
гузарам. Имрӯз на танҳо ҳалли
самараноки мушкилоти ба миён омада, балки дарки возеҳи он муҳим аст, ки мо мехоҳем
Созмонро дар дурнамои дарозмуддат чӣ гуна бубинем.
Рақобатпазирии
давлатҳои мо мустақиман аз омодагии мо барои муттаҳид намудани иқтидорҳо ва
фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди муштарак вобаста хоҳад буд.
Ман мутмаинам, ки
захираҳои бузурги инсонӣ, табиӣ, истеҳсолӣ ва зеҳнии кишварҳои СҲШ бояд пеш аз ҳама
барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқҳои мо истифода шаванд.
Дар ин робита
пешниҳод менамоям, ки таҳияи дидгоҳи консептуалии «СҲШ – 2040: фазои рушди
муштарак» оғоз карда шавад. Ҳадафи асосии он бояд ташаккули фазои бо ҳам
пайваста ва устуворе бошад, ки дар он сармоягузорӣ, технология ва донишҳо
озодона мубодила шаванд, лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва саноатӣ амалӣ
гарданд, робитаҳои мустақим миёни минтақаҳо, соҳибкорон ва мардум густариш
ёбанд.
Афзалияти муҳим ва нишондиҳандаи асосии самаранокии СҲШ ҷанбаи
иқтисодии ҳамкорӣ мебошад.
Дар солҳои охир ҷуғрофиё ва самтҳои ҳамкории тиҷоратии мо
пайваста васеъ мешаванд. Дар Ӯзбекистон бо кишварҳои СҲШ беш аз якуним ҳазор
лоиҳаи муштарак амалӣ шуда истодааст, ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва сармоягузориҳо
афзоиш меёбад. Зарур аст, ки ин
раванд ба рушди занҷираҳои устувори бисёрҷонибаи арзиши иловашуда равона карда
шавад.
Бо ин мақсад
пешниҳод менамоем, ки Харитаи ҳамкории саноатии СҲШ таҳия карда шавад, ки минтақаҳои
махсуси иқтисодӣ, равандҳои истеҳсолӣ, бозорҳои фурӯш ва логистикаро муттаҳид
менамояд. Дар асл, барои соҳибкорон, сармоягузорон ва сохторҳои давлатӣ як
равзанаи ягонаи рақамӣ ба вуҷуд хоҳад омад.
Мо зарур
мешуморем, ки аллакай имрӯз аз мувофиқаи принсипҳои умумӣ ба оғози амалии
фаъолияти Бонки рушди СҲШ гузарем.
Фаъолияти ин ниҳод бояд ба пешниҳодҳои омодаи сармоягузорӣ,
ки барои тамоми минтақа аҳамият доранд, такя кунад. Шӯрои сарони ҳукуматҳо бояд
ба ташаккули маҷмӯи лоиҳаҳои аввалиндараҷа дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, ҳамкории
саноатӣ ва инфрасохтори рақамӣ оғоз намояд.
Мо ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Си Ҷинпинро
оид ба таъсиси Созмони ҷаҳонии ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ истиқбол менамоем.
Ба андешаи ман, СҲШ бояд дар қатори
аввалин шарикони ин Эътилофи нави технологӣ бошад.
Бо мақсади муттаҳид
намудани талошҳои мо барои рушди зеҳни сунъӣ инчунин пешниҳод менамоем, ки қарор
оид ба ташкили Корпуси кушодаи бисёрзабонаи маълумоти СҲШ қабул карда шавад.
Ғайр аз ин, мо
омодаем соли оянда дар шаҳри Тошканд Форуми СҲШ оид ба зеҳни сунъӣ ва роҳҳалҳои
нави рақамӣ баргузор намоем.
Дӯстони азиз!
Чолишҳои иқлимӣ ба амнияти озуқаворӣ, обӣ ва энергетикии
кишварҳои мо торафт бештар таъсир мерасонанд. Вазъи баамаломада зарурати
ташаккули рӯзномаи ягонаи СҲШ-ро оид ба ин масъалаҳои ба ҳам зич алоқаманд тақозо
мекунад.
Барои пешбурди ин рӯзнома пешниҳод менамоем, ки дар
доираи СҲШ механизми махсус таъсис дода шавад, ки барномаҳои фарогир, табодули
технологияҳо ва донишҳои пешрафтаро ҳамоҳанг созад. Яке аз қадамҳо дар ин самт метавонад таҳияи
Барномаи ҳамкории технологии СҲШ дар соҳаи самаранокии истифодаи захираҳои об
ва энергия то соли 2035 бошад.
Идомаи ташаккули
низоми густурдаи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.
Ман таъсиси Шӯро
оид ба ҳамгироии фазои роҳи оҳани давлатҳои узви СҲШ-ро мувофиқи мақсад
мешуморам. Вазифаи аввалиндараҷаи онро ҳамоҳангсозии рушди инфрасохтори
логистикӣ ва таъмини пайвасти бемамониати низомҳои миллии нақлиётӣ медонем.
Барои амният ва
рушди минтақаи мо ҳифзи сулҳу субот дар Афғонистон аҳамияти бунёдӣ дорад. Ҳамаи
мо ба як кишвари ҳамсояи обод ниёз дорем, ки ба равандҳои созандаи минтақавӣ ҳамгиро
шудааст.
Вақти он
расидааст, ки муколамаи мунтазами СҲШ бо Афғонистон барои баррасии доираи васеи
масъалаҳои амниятӣ ва ҳамкории иқтисодӣ аз нав оғоз карда шавад.
Мутмаинам, ки имрӯз
қабул гардидани Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи СҲШ,
инчунин низомномаҳои Маркази универсалӣ ва Маркази зиддимухаддиротӣ, оғози марҳилаи
нави рушди институтсионалии Созмони моро ифода мекунад.
Таъкид менамоям, ки мо барои фаъолияти самараноки Маркази
универсалӣ оид ба муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ дар Тошканд тамоми
шароити заруриро фароҳам хоҳем овард.
Ҳамкории фарҳангӣ
ва гуманитарӣ ҳамоно самти доимии фаъолияти мо боқӣ мемонад.
Бо мақсади таҳкими
минбаъдаи робитаҳои дӯстонаи халқҳои мо пешниҳод менамоям, ки Барномаи ҳамкорӣ
оид ба ҳифз ва тарғиби санъати анъанавӣ ва мероси фарҳангии ғайримоддӣ барои
солҳои 2028–2030 таҳия карда шавад.
Муҳтарам роҳбарони
ҳайатҳо!
Дар фарҷом мехоҳам
ба табрикот ба унвони муҳтарам ҷаноби Шаҳбоз Шариф ба муносибати ба зимма
гирифтани рисолати масъули раёсати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Созмони ҳамкории
Шанхай ҳамроҳ шавам.
Ӯзбекистон омода
аст, ки минбаъд низ дар таҳкими рӯҳияи эҳтироми мутақобила, ҳамсоягии нек ва
эътимод – ба хотири субот ва шукуфоии минтақаи бузурги мо саҳми худро гузорад.