Роҳбари давлати моро Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвили самимона истиқбол гирифт.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр дар майдони назди қароргоҳ парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.

Сурудҳои миллии ду давлат садо доданд. Зери навои оркестри ҳарбӣ сарони давлатҳо аз назди қаровули фахрӣ гузаштанд ва аъзои ҳайатҳои расмиро истиқбол намуданд.

Сипас аксбардории муштарак сурат гирифт. Айни замон музокирот дар сатҳи олӣ идома дорад.