Дар
вохӯрӣ таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвар дар пешбурди шарикии махсуси
стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Корея нақши муҳим доранд.
Гурӯҳҳои
байнипарлумонии «дӯстӣ» фаъолона амал мекунанд, табодули мунтазами сафарҳои ҳайатҳои
парлумонӣ ба роҳ монда шудааст ва миёни кумитаҳои соҳавии мақомоти қонунгузор
табодули судманди таҷриба сурат мегирад.
Бо
мусоидати Ассамблеяи Миллӣ ва Агентии ҳамкории
байналмилалии Корея дар ҳар ду палатаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи
«Парлумони электронӣ» амалӣ карда мешавад.
Зарурати
таъсиси механизми ҳамкорӣ барои таъмини мониторинги парлумонии иҷрои созишномаҳои
дар сатҳи олӣ бадастомада таъкид гардид. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи тавсеаи
робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ меравад.
Дар
натиҷаи мулоқот дар бораи баргузории як қатор чорабиниҳо дар доираи
«дипломатияи парлумонӣ» дар соли 2027 ба муносибати 35-солагии барқарор шудани
муносибатҳои дипломатӣ миёни Ӯзбекистон ва Корея ба мувофиқа расиданд.